Видеои садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Чаноқ: Гулнораи 25-сола ҷон дод

© акс аз сомонаи КҲФ ТоҷикистонМакони садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Макони садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Чаноқро, ки навораш ба интернет роҳ ёфтаст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор 8-уми август, тахминан соати 04:30 дақиқа дар ҷамоати Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Баракаев Шокирҷон, сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанноқ, дар километри 326-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромадааст.
Маленькую девочку ведут за руку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Ҳалокати се пиёдагард, аз ҷумла ду ноболиғ дар пайи ноуҳдабароии ронанда
Дар натиҷа мошини таҳти идораи ронандаи 21-сола ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, ки дар канори чапи роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. Аз соҳиби “Камаз” Хоҷазода Комилҷон Мирзоназар, сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ном бурда шуда, таъкид гардидааст, ки дар лаҳзаи садама мошини боркаш беҳаракат будааст.
Ба иттилои ВУД дар пайи бархӯрд, мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Соҳибова Гулнора, сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ бо нашри навор аз ҷои ҳодиса сабаби эҳтимолии садамаро ҳаракат бо суръати баланд хондааст. Бархӯрд ба ҳадде шадид будааст, ки берун намудани одамон аз мошин танҳо бо ҷалби имдодгарон даст додаст.
КҲФ афзуд, ки ронандаи автомашинаи “Деу – Лабо” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ карда шуд.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала