Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Даргузашти Аҳмадҷон Раҳмонзода - корманди воломақоми додситонии кул аз илтиҳоби шуш

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Аҳмадҷон Раҳмонзода дар шаҳри Бохтар дар паи беморӣ аз олам чашм пӯшидааст
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Корманди воломақоми додситонии кул Аҳмадҷон Раҳмонзода дар синни 51 - солагӣ даргузашт. Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дода мешавад.
Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли пайвандони марҳум хабар додаанд, ки Раҳмонзода наздики як моҳ дар манзилаш таҳти назорати пизишкон аз илтиҳоби шуш табобат мегирифтааст.
Аммо муолиҷа натиҷа надодааст ва Аҳмадҷон Раҳмонзода шоми 9 август олами фониро тарк кардааст.
Истатой Мамадҷонова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
"Модари театр"- и Конибодом даргузашт: дар хона зери дастгоҳи ИВЛ нафас мекашид
Марҳум корманди воломақоми додситонии куллии Тоҷикистон буда, солҳои тӯлонӣ аз ҷумла ба ҳайси прокурори ноҳияҳои Данғараву Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Халон фаъолият кардааст.
Бояд гуфт, ин дуввумин мотам дар паи илтиҳоби шуш дар хонаводаи Раҳмонзодаҳо мебошад. Соле қабл бародари марҳум, сардори Раёсати милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ генерал-майор Алихон Раҳмонзода дар синни 61-солагӣ, бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтида буд.
Маросими ҷанозаи Аҳмадҷон Раҳмонзода, 10 август дар зодгоҳаш - ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара баргузор мешавад.
Даргузашти Хайём Худойдодов, бонкдори шинохтаи тоҷик: 39 сол дошт
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёру дӯстон ва ҳамкорони марҳум ба аҳли хонаводаи Раҳмонзодаҳо изҳори тасаллӣ мекунанд ва барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала