Даргузашти Сафар Боев - раиси Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Сафар Боев - поягузори Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар Душанбе вафот кард
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, Сафар Боев дар синни 69-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора дар Facebook хабар дода шуда, гуфта мешавад, ки марҳум рӯзи 9 август дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Сабаби марг номаълум аст.
© Facenook/Сафарбек СаидовСафар Боев - раиси Кумитаи миллиии паралимпии Тоҷикистон
Сафар Боев - раиси Кумитаи миллиии паралимпии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Сафар Боев - раиси Кумитаи миллиии паралимпии Тоҷикистон
Ҷанозаи марҳум, 10 август дар маҳаллаи зисташ шаҳри Душанбе багузор гардидааст.
Дӯстону пайвандон ва шогирдони зиёди варзишкори маъруф ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ карда ва сабри ҷамил орзу доранд.
Сафар Боев 28 октябри соли 1952 дар деҳаи Ғӯмасти ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти Аҳмадҷон Раҳмонзода - корманди воломақоми додситонии кул аз илтиҳоби шуш
Аз соли 1973 то 1983 ба ҳайси корманди мақомоти қудратӣ фаъолият намудааст.
Даргузашти табиби 56 - сола дар Душанбе: гирифтори илтиҳоби шадиди шуш буд
Соли 1994 дар марафони байналмилалӣ аз шаҳри Санк-Петебурги Русия то Алма-Атои Қазоқистон дар масофи 9000 км ширкат кардааст.
2 декбари соли 1994 худи Президенти вақти Федератсияи Русия Борис Елсин ба Боев барои ширкат дар ин марафон ордени “Мардонагӣ”- и дараҷаи сеюмро тақдим кард.
Раҳимҷон Ҳошимов - асабшиноси шинохтаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Даргузашти ҳоҷӣ ва асабшиноси шинохта Раҳимҷон Ҳошимов
Замони роҳбарии Боев ба ҳайси презединти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон як қатор варзишгарон дар Бозиҳои паралимпӣ, Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Аз ҷумла, солҳои 2004, 2008, 2012 ва 2016 Тоҷикистонро як нафарӣ дар бозиҳои тобистонаи паралимӣ намояндагӣ карданд.
Аммо, имсол варзишкори тоҷик Парвиз Одинаев ба далели ширкат накардан дар сабқатҳои бонуфуз, аз ширкат дар мусобиқаи пауэрлифтинг дар Токио маҳрум шуд.
Лентаи хабарҳо
0