Интиқоди Физиев аз услуби ҷангии Ҳабиб Нурмуҳаммадов: дилгиркунанда аст- видео

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов
Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Размикори қирғизистонӣ Рафаэл Физиев зимни мусоҳиба аз услуби ҷангии паҳлавони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммадов интиқод кард
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Разимкори UFC Рафаэл Физиев дар мусоҳиба бо шабакаи You-Tube - и шореҳи варзишӣ Ҷеймс Линча, услуби ҷангии дигар размикоронро бо тарзи муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов муқоиса кард.

"Ман ҳеҷ гоҳ ҳаводори ӯ набудам, чун услуби мо гуногун аст. Ман - зарбазан, ӯ - куштигир. Ӯ дар куштигирӣ хеле боқувват аст. Ва он услубе, ки Ҳабиб дорад, мешавад ҳар якеро мағлуб кард, вале ман чунин тарзи муҳорибаро хуш надорам", - гуфт Физиев.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки тамошои муҳорибаҳое, чун рақобати Ислом Махачев ва Дрю Доберрро дӯст намедорад.
"Се бахши сабқат. Ӯ рақибашро аз пой афтонд, вале ин рақобати дилгиркунанда буд", - гуфт Физиев.
Размикори қирғиз ҳарифи амрикоияшро мағлуб кард - навор
Ёдрас мешавем, ки дар рақобати UFC 265, ки рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуда буд, Физиев бо қарори якдилонаи доварон рақиби амрикоияш Бобби Гринро мағлуб кард.
Ин рақобат сабқати асосии шом буд ва варзишкорон 50 ҳазор долларӣ мукофот гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала