Ҷаласаи вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе баргузор мегардад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Шашумин ҷаласаи вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Шашумин ҷаласаи вазирони кишоварзии узви кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) санаи 12 август ба сурати маҷозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин нишаст мақомоти бахшҳои чорводорӣ ва гиёҳпизишкии кишварҳои узви СҲШ ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои манбаъ, қарор аст, дар ин ҷаласа роҳҳои тақвияти ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шавад.
Лавров встретился с президентом Таджикистана и главами МИД стран ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе баргузор шуд
Ёдрас мешавем, ки Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон узви Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Шанхай мебоошанд.
Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир ва кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка низ шарикони иқтисодии ин созмон ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон раёсати давраии СҲШ - ро бар ӯҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0