Ҷӯразода: Тоҷикистон имкони қабули 2 миллион сайёҳро дорад

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, феълан ҷумҳурӣ имкони қабули то 2 миллион сайёҳро дорад
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ташрифи сайёҳони хориҷӣ то соли 2025 бояд ба 1 миллиону 600 ҳазор нафар ва то соли 2030 ба зиёда аз 2 миллиону 500 ҳазор нафар расад, изҳор доштааст Тоҷиддин Ҷӯразода дар суҳбат бо нашрияи “Садои мардум”.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар зимн таъкид намудааст, ки бо назардошти зиёд шудани шумораи иншооти хизматрасонӣ, Тоҷикистон имкон дорад беш аз 2 миллион сайёҳро қабул намояд. Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 120 ҳазор сайёҳ ворид гардидаанд.
“Ҳоло дар бозори хизматрасонӣ 226 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Сарфи назар аз паҳншавии бемории COVID-19, соли 2020 ва 6 моҳи соли 2021-ум 40 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шуд”, - иттилоъ дод Ҷӯразода.
Ӯ ин нишондиҳандаро далели мусоид будани шароит барои бахши хусусӣ барои рушди сайёҳӣ хонд.
Манбаъ афзуд, ки феълан татбиқи зиёда аз 20 лоиҳа дар самти бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ идома дорад.
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Боз шаш ширкати сайёҳӣ вориди бозори Тоҷикистон шуданд
Роҳбари мақомоти умури сайёҳии Тоҷикистон бо такя ба арзёбиҳои байналмилалӣ иттилоъ додааст, ки низоми раводиди электронии ҷумҳурӣ ҳоло дар панҷгонаи беҳтарини пешниҳоди раводид, зинаи чорумро гирифтааст.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 188 меҳмонхона, 215 ҳостел ва мотел, 46 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва 10 хонаи истироҳатӣ, 2 пансионат, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ, дар умум 289 иншооти сайёҳӣ кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала