Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

МакSим ба худ омаду паём навишт - ӯ чӣ гуфт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксПевица MакSим (Марина Абросимова)
Певица MакSим (Марина Абросимова) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Сарояндаи машҳури Русия МакSим гуфт, ки якуним моҳи кома барояш чун ду рӯз сипарӣ шуд. Рӯзи душанбе овозхонро аз шӯъбаи эҳё ба палатаи оддӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ҳунарманди рус MaкSим (Марина Абросимова) пас аз якуним моҳи кома ба худ омад ва паёмашро дар саҳифааш дар Instagram нашр кард.

"Ҳоло ман хеле заиф ҳастам, вақте кӯшиш мекунам роҳ гардам, сарам чарх мезанад. Аммо ман умедворам, ки ба қарибӣ метавонам ба хона биравам ва оилаи худро ба оғӯш гирам", - навиштааст ҳунарманд.

MaкSим иқрор шуд, ки якуним моҳи кома барояш чун ду рӯз гузашт.
"Вақте табибон аз ман пурсиданд, ки чанд вақт ман дар кома будам, гуфтам: "Ду рӯз". Бовар надоштам, ки зиёда аз як моҳ гузаштааст", - гуфт ӯ.
Овозхон гуфтааст, ки дар давраи барқароршавии шуш пас аз беморӣ ӯ наметавонад ҳунарнамоӣ кунад.
"Парвоз ва ҳунарнамоӣ кардан ба муҳлати муайян тибқи супориши духтур манъ аст. Шушҳо ҳоло барқарор мешаванд ва фишор овардан мумкин нест", - шарҳ дод ӯ.
Сароянда инчунин ба кормандони беморхона барои наҷот ва ба мухлисонаш барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Шарҳи вазъи саломатии овозхон МакSим: вазнини муътадил
Далели дар беморхона бистарӣ шудани MaкSим бо илтиҳоби шуш 19 июн маълум шуд. Баъдтар, бинобар зарари шадиди шуш, вай ба комаи сунъӣ ва дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ пайваст карда шуд.
Ташхисҳои сароянда барои коронавирус манфӣ буданд. Авохири моҳи июл хабар дода шуд, ки вазъи ӯ вахим аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала