Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Машқҳои густардаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфт

© Пресс-служба ЦВОСовместные военные учения в Таджикистане
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Дар Тоҷикистон тамринҳои низомиён дар марз бо Афғонистон ба поён расид
ДУШАНБЕ, 10 август - Спутник. Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон дар 20 километрии сарҳади Афғонистон машқҳои густурдаи низомиро анҷом доданд. Дар ин бора фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ генерал-полковник Александр Лапин сухан ронд.
"Мо машқҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русияро анҷом медиҳем", - гуфт Лапин.
Ӯ гуфт, ки дар ҷараёни омӯзиш бори аввал кори гурӯҳи байнисоҳавии нирӯҳо бо истифода аз маҷмӯаҳои васеъ, авиатсия, иктишофӣ ва оташнишонӣ бар асоси таҷрибаи дар Сурия андӯхташуда нишон дода шуд.
Командующий общевойсковым объединением ВВО генерал-майор Евгений Поплавский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
"Халтаи оташин": генерал гуфт, чигуна 2,5 ҳазор "ҳамлагар" ба Тоҷикистонро нест мекунанд
Ин машқҳо дар пасманзари авҷ гирифтани муноқишаи мусаллаҳона байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҷунбиши радикалии Толибон* баргузор шуданд. Бинобар ин, хатари воридшавии ҷангиён ба қаламрави давлатҳои ҳамсоя вуҷуд дошт.
"Бовар дорам, ки амалҳои муштараки оянда ҳамгироии низомиро тақвият мебахшад, ки кишварҳоямонро аз таҷовузи низомӣ эмин созанд", - илова намуд Лапин.
Ба гуфтаи вазири дифоъи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, чунин машқҳои зиддитеррористӣ дар таърихи ҳамкории низомии се давлат бори аввал баргузор шуданд.
Вай қайд кард, ки солҳои охир интиқоли шиддат аз қаламрави Ховари Миёна ба Афғонистон мушоҳида мешавад.
"Таҳлили равандҳои солҳои охир рухдода нишон медиҳад, ки вазъи минтақаи мо аз рушди рӯйдодҳо дар вазъи сиёсии ин кишвар вобаста хоҳад буд", - гуфт Шералӣ Мирзо.
Дар навбати худ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон генерал -майор Шуҳрат Холмуҳаммадов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон аз давлатҳо талаб мекунад, ки ҳамеша ҳушёр бошанд ва омодагии ҷангиро нигоҳ доранд.
Харб майдон: военные в тюбетейках, отдых и гостеприимства
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Волейбол, рақс ва оши палав: он чӣ дар паси пардаи машқҳо дар марзи Афғонистон гузашт
Ёдовар мешавем, ки дар машқҳо беш аз ду ҳазор низомӣ ширкат доштанд. Тамринҳо аз 5 то 10 август баргузор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала