Месси бо бошгоҳи "ПСЖ" -и Фаронса шартномаи "2 + 1" имзо мекунад

© AFP 2023 / Pau BarrenaАргентинский футболист Лионель Месси
Аргентинский футболист Лионель Месси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Маоши футболбози 34-сола дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд. Варзишкори аргентинӣ дар бошгоҳи нав таҳти рақами 30 бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси бо клуби Фаронса "Пари Сен-Жермен" шартнома мебандад.
Дар ин бора рӯзноманигор Вероника Брунати дар саҳифааш дар Twitter хабар додааст.
Ба гуфти вай, созишнома барои ду сол бо имкони тамдиди минбаъдаи он то моҳи июни соли 2024 пешбинӣ шудааст.
Нападающий Барселоны Лионель Месси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Месси бо Барселона видоъ гуфту ашк рехт - навор
Маоши варзишкори 34-сола дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд. Лионел аллакай имрӯз азсСанҷиши тиббӣ дар "ПСЖ" мегузарад.
Маълум аст, ки Месси ният дорад, ки дар ин клуб танҳо таҳти рақами 30 бозӣ кунад, ки дар оғози фаъолияти худ дар Барселона дошт.
Футболбоз аввалин бозии худро дар ҳайати асосии Барселона соли 2004 анҷом дода буд.
Футбол. Чемпионат мира - 2014. Финальный матч. Германия - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Бошгоҳи қатарӣ ба Месси барои гузариш 1 миллиард евро пешниҳод кард
Аз он вақт инҷониб ӯ ҳамеша ба ҷонибдории "кабуду - анорӣ"" бозӣ мекард. Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ва ҳафт Ҷоми Испанияро ба даст овард.
Илова бар ин, ӯ чор маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудааст. Ҳафтаи гузашта раҳбарияти Барселона гуфтанд, ки ният надоранд бо Месси, созишномаи нав имзо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0