Аз снайпер то Калашников: Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо силоҳҳои навтарин тақвият ёфт

© Пресс-служба ЦВОСовместные военные учения в Таджикистане
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Ҳарбиён дар пайи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон силоҳи нав гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ба пойгоҳи низомии 201 -уми Русия дар Тоҷикистон силоҳи нав ворид карда шуд. Дар ин бораи давтари матбуотии ҳавзаи марказии ҳарбӣ гузориш додааст.
Ҳамин тариқ, арсенали низомии пойгоҳ бо навтарин силоҳи навъи Калашников АК-12 ва таппончаи Яригин тақвият ёфт, ки сарбозон ба ҷои таппончаи Макаров истифода хоҳанд кард.
Илова бар ин, ба хизматчиёни ҳарбӣ снайперҳои АСВК-М ва ва системаҳои мушакии зиддиҳавоии "Верба" ​​супорида шуд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Машқҳои густардаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфт
Яроқҳои нав дар вақти тамринҳои бузурге, ки аз 5 то 10 август дар машкгохи Харбмайдон гузаронда шуданд, озмуда шуд. Дар ин тамринҳо беш аз ду ҳазор низомӣ аз Русия, Тоҷикистон ва Ӯбекистон ширкат карданд.
Илова бар ин, дар ин тамринҳо мошинҳои зиреҳпӯши пиёданизом, ҳавопаймоҳои ҳамлаи Су-25, чархболҳои Ми-24 ва Ми-8 -ро истифода бурданд.
Қаблан низ Русия ба ин пойгоҳаш барои тақвият мошинҳои пиёданизоми навтаринро ворид карда буд.
Разгрузка БМП-2М для 201-й РВБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Мошинҳои нави ҷангии пиёданизом ба Тоҷикистон расиданд - видео
Ёдовар мешавем, ки муқовимати артиши ҳукуматӣ ва Толибон, ки дар Русия мамнӯъ аст, дар Афғонистон идома дорад.
Ҳангоми машқ низомиён маҷмӯи амалҳоро дар сурати ҳамлаи террористӣ дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳия карданд.
Лентаи хабарҳо
0