Раҳмонзода: медалҳои варзишгарони тоҷик дар замони Истиқлол аз шӯравӣ 40 баробар зиёданд

© Комитет по делам молодежи и спорта РТПредседатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, мегӯяд, теъдоди медалҳое, ки варзишгарони тоҷик, тайи замони соҳибистиқлолӣ гирифтаанд, дар муқоиса бо шумораи медалҳои замони шӯравӣ 40 маротиба зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар рӯзи касбии варзишгарони кишвар, ки 10 август, таҷлил мешавад, аз дастовардҳои соҳа дар 30 соли соҳибистиқлолӣ гуфт.
Абдулло Раҳмонзода дар паёмаш дар ба муносибати Рӯзи варзишгарон гуфт, агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба зиёда аз 5000 адад расид. Ӯ афзуд, ин шумора ба андозаи 40 маротиба зиёд гардидааст.
Пловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Олимпиада барои шиноварони тоҷик Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов низ хотима ёфт
Дар баробари дастовардҳои дигар Раҳмонзода гуфт, дар 30 соли мустақилият ба ифтихори варзишгарони тоҷик зиёда аз 5 ҳазор маротиба парчами давлатӣ барафрохта шуда, зиёда аз 1500 маротиба суруди миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ садо додааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон ва варзиш феълан дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 290 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 7377 майдончаи варзишӣ, 1846 толори варзишӣ, 98 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмааи марказҳои солимгардонӣ ва 805 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0