Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон дар як рӯз, се кушта бар ҷой гузошт: яке ноболиғ

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Дар роҳҳои Тоҷикистон дар паи садамаҳои нақлиётӣ се тан ҷон аз даст дод, ки якеашон ноболиғ аст
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз се ҳодисаи нохуш дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамагӣ дар як рӯз рух додаанд.

Зери чархи мошин мондани пиёдагарди 62-сола

Як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ки дар паи он марди 62-сола зери чархи мошин мондааст, шаби 9-уми август, тахминан соати 22:30-дақиқа рух додааст.
Бино ба гузориши ВКД, ронандаи худрави тамғаи “Мерседес-Бенз”, сокини 62-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ҳисор ба пойтахт пиёдагарди 62-соларо пахш намудааст.
Иброҳим Азизов - ҷавони 24 -солаи тоҷики муқими ИМА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Ҳалокати донишҷӯи тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар Ню-Йорк: донандаи 5 забон буд
Пиёдагард сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор будааст.
Дар натиҷа мард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳалокати мусофири худрави “Опел-Зафера” дар Ҳисор

Садамаи дуввум низ дар ҳудуди шаҳрои Ҳисор рух додааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 9-уми август, тахминан соати 14:00 бо ширкати ронандаи худрави “Опел-Зафера”, сокини 31-солаи шаҳри Ҳисор ба вуқӯъ пайвастааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз маркази шаҳри Ҳисор ба самти ҷамоати деҳоти Хонақаи кӯҳӣ дар деҳаи Хирманакат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба худрави “Опел-Астра” бархӯрдааст.
Худрави “Опел-Астра” таҳти идораи сокини 30 солаи ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳр будааст.
Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Садамаи маргбори зану шавҳар дар Варзоб: ба ду мошин заданду ба соҳили дарё сарозер шуданд
Дар натиҷа мусофири “Опел-Зафера”, сокини 52-солаи ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандагони ҳарду худрав ва як мусофирони дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Як ноболиғ кушта шуду дигарӣ бистарӣ гардид

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин аз садамаи дигари нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар паи он як ноболиғ ҷон аз даст дод.
Ин ҳодисаи нохуш низ нисфирӯзии 9-уми август дар роҳи "Ғафуров-Булоқ-Пунгон" рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи "Опел-Вектра", сокини 40-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи мазкур аз ӯхдаи идораи автомашина набаромада, ба скутери тамғаи "Дайлим" бархӯрдааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе Бохтар: ронанда мошинро чаппа карду ҳалок шуд
Скутер таҳти идораи ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ҳамин ноҳия будааст.
Дар натиҷа ронандаи скутер ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мусофири скутер ноболиғи 15 -сола, сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0