Ширкати сохтмоние дар Маскав аз 6 миллион қарзи маош 3 миллионашро пардохт кард

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксСтроительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Намояндагии Вазорати меҳнат дар шаҳри Маскав хабар додааст, ки музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз сӯи як ширкати сохтмонӣ муддати тӯлонӣ пардох намешуд, бо корбарии Намояндагӣ аз ҷониби корфармоён нисфаш пардохт шудааст
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ахиран зиёда аз 3 миллион рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо корбарии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии и Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд, иттилоъ додааст додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат.
Бино бар иттилои манбаъ, як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ (дар ҳайати 24 нафар) аз Тоҷикистон дар яке аз ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Москваи Русия фаъолият намуда, аз ҷониби корфамо маблағи музди меҳнати онҳо, ки 6 200 230 рубли русиро (муодили 930 048 сомонӣ) ташкил медиҳад, пардохт карда нашудааст.
Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Парвозу ҷои хоб ройгон, маош 55 ҳазор: ширкати русӣ дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд - видео
Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи корбарии намояндагӣ маълум гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонӣ бе қарордоди меҳнатӣ фаъолият намуда, музди меҳнати муҳоҷирон аз рӯи ба анҷом расонидани кор дар иншоот ба ҳисоб меравад.
“Дар ин замина, вобаста ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуда, тавсия дода шуд, ки минбаъд зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Дар маҷмӯъ, вобаста ба аризаи воридгардида дар муддати кӯтоҳ 450 ҳазор сомонӣ маблағи музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо баргардонида шуда.
Маблағи боқимонда, ки беш аз 480 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тибқи тааҳҳуди корфармо дар муддати кӯтоҳтарин пардохт карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала