Ширкати туркӣ дар вилояти Суғд дар 100 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд мекунед

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиГлава Согда провел встречу с представителями компании “Иргелер”
Глава Согда провел встречу с представителями компании “Иргелер”  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Ширкати туркии “Иргелер” дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд таъкид доштааст, ки дар қаламрави вилоят дар ҳудуди 100 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати “Иргелер”-и Туркия дидору гуфтугӯ кард, иттилоът додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи итттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо ва истифодаи дастовардҳои замони муосир дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид кард, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми боғу токпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят назаррас мебошад.
“Рушди соҳаи боғу токпарварӣ ба рушду такомули соҳа заминаи мусоид фароҳам месозад. Аз ҷумла, ҷиҳати васеъ намудани майдонҳои боғот барномаҳои махсуси давлатӣ қабул гардида, танҳо дар солҳои 2016-2020 зиёда аз 4800 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуданд”, - зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Инчунин, таъкид шудааст, ки бо дастгириҳои давлатӣ технологияҳои наву замонавӣ ворид карда шуда, боғҳои интенсивӣ ташкил гардида истодааст.
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Ҷаласаи вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе баргузор мегардад
“Ширкати туркии “Иргелер” тасмим дорад дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ниҳолҳои серҳосилро ворид карда, 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд намояд”, - таъкид доштааст манбаъ
Дар охири мулоқот тарафҳо бо баррасии масъалаҳои мавриди назар барои густариши ҳамкориҳо омодагии худро изҳор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала