Тоҷикистон дар радабандии кишварҳо хушбахт пас аз Ӯзбекистону Қирғизистон ҷо гирифт

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНациональные танцы в Хатлонской области
Национальные танцы в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Дар ин радабанди Қазоқистон ҳам нисбат ба Тоҷикистон пешгом аст. Дар сафи бадбахтарин кишварҳо Афғонистон ҷо гирифт
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии хушбахтарин кишварҳо аз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ақиб мондааст.
СММ дар гузориши ҳамасолаи Тоҷикистонро аз миёни кишварҳои хушбахт дар мақоми 78 ҷой дод.
Дар ҳоле, ки Ӯзбекистон мақоми 42 ва Қазоқистон ҷойи 45 - ро касб намуданд. Қирғизистон низ дар ин масъала аз Тоҷикистон вазъи беҳтар дошта, дар мақоми 67 - ум ҷо гирифт.
Тоҷикистониён хушбахттар аз сокинони Русияанд, Ӯзбекистон-пешсаф
Дар ҳамин ҳол, аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Литва ва Эстония хушбахтаринҳо арзёбӣ шуданд. Русия дар ҷойи 76 қарор дошт.
Индекси хушбахтӣ нишондиҳандаҳоро ба мисли некӯаҳволӣ, ММД ба сари ҳар сари аҳолӣ, давомнокии умр ва сатҳи фавт, амният, озодиҳои шаҳрвандӣ, субот, фасод ва ғайра ба назар мегирад.
Дар гузориши имсола инчунин таъсири пандемияи COVID-19 ба некӯаҳволии инсон баррасӣ шудааст. Тибқи гузориши бар асоси таҳқиқоти умумиҷаҳонии Gallup, дар соли 2020, сатҳи эҳсосоти мусбӣ дар одамон тағйир наёфтааст, аммо эҳсосоти манфӣ, аз қабили стресс, ғамгинӣ, изтироб қариб 10%афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0