Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ ду санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд

© Министерство труда, миграции и занятости РТМинтруд Таджикистана и Узбекистана подписали 2 соглашения
Минтруд Таджикистана и Узбекистана подписали 2 соглашения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Миёни вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар доираи сафари кории Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва натиҷаҳо аз мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамтои худ аз кишвари Ӯзбекистон миёни вазоратҳои марбутаи ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ин ду санад ба бахшҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ рабт доранд.
Нахустин санад ин нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ӯзбекистон ба муҳоҷирони худ маблағи чипта ва раводидро ҷуброн мекунад: Тоҷикистон чӣ
Санади дувум ин ёддошти тафоҳум байни МД "Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати Тоҷикистон ва "Пажуҳишгоҳи бозори меҳнат"-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон мебошад.
“Тасдиқ ва татбиқи санадҳои мазкур муносибатҳои дуҷонибаро дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият намуда, ҳамчунин муносибатҳоро оид ба корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ вобаста ба бозори меҳнат, тарбияи кадрҳои коргарӣ ва ихтисосҳои муҳим дар танзими бозори меҳнат ривоҷ мебахшад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала