Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Тоҷикистон боз 129 ҳазор воя ваксини "AstraZeneca" - ро қабул кард

© AFP 2021 / JOEL SAGETВакцина AstraZeneca
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Дар доираи механизми COVAX Тоҷикистон боз 129 ҳазор воя ваксини "AstraZeneca" - ро дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ҳукумати Шветсия ба Тоҷикистон ваксини "AstraZeneca" фиристод, навиштааст ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар сафҳаи Фейсбукии худ.
Бар хабари манбаъ, рӯзи 9 август Вазорати тандурустии Тоҷикистон 128 640 воя ваксини "AstraZeneca" - ро қабул кард. Ин миқдор ваксин дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон фиристода шуд.
"Ба ҳукумати Шветсия ва инчунин ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои саҳми онҳо дар мубориза бо пандемия дар Тоҷикистон миннатдории худро баён мекунем", - омадааст дар хабар.
Вакцина Johnson & Johnson  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Олмон барои Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад
Манбаъ меафзояд, феълан барномаи COVAX, ЮНИСЕФ ва СҶБ бар он мекӯшанд, ки доираи интиқол додани ваксинро ба кишварҳои ҷаҳон васеътар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки барои эмгузаронии аҳолӣ Тоҷикистон аз манбаъҳои гуногун беш аз чор миллион вояи доруи хориҷӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, дар кишвар аҳолӣ метавонанд бо ваксинаи чинии CoronaVas, AstraZeneca-и Англия-Шведсияи истеҳсолоти Ҳиндустон ва Moderna - и амрикоӣ эм кунанд.
Инчунин масъалаи таъмини ваксинаи русии "Спутник V" баррасӣ мешавад. Тибқи созишнома бо Федератсияи Русия, он ба Тоҷикистон низ ройгон дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала