Толибон* пешниҳоди эҷоди давлати муваққатиро рад карданду гуфтанд, кай Кобулро мегиранд

© Sputnik / РИА Новости / Гузаштан ба хазинаи аксДелегация талибов приехала на переговоры в Москву
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Сухангӯи Толибон* изҳор доштааст, ки пешниҳоди Амрико барои эҷоди давлати муваққат дар Афғонистон рад шуд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки Толибон* пешниҳоди Амрико дар бораи ташкили ҳукумати муваққат дар Афғонистонро напазируфт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ин масъала ҳанӯз матраҳ нашудааст. Аммо дар маҷмӯъ, мо давлати интиқолиро қабул надорем. Хостаи мо як тасмими асоси аст ва бояд онро пайдо кард. Ташкили давлат интиқолӣ барномаи мо нест”, - гуфт сухангӯи Толибон*.
Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, ки тасмими ишғоли Кобул танҳо пас аз ба даст гирифтани назорати дигар вилоятҳои Афғонистон гирифта мешавад.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷанг дар ду ҳафтаи гузашта беш аз панҷ ҳазор хонаводаҳои афғонро овора сохта аст
“Амалиёт тавре барнмарезӣ шудааст, ки дар аввал мо бояд вилоятҳои дигарро поксозӣ кунем ва сипас дар мавриди Кобул тасмим хоҳем гирифт. Аммо қарори ниҳоӣ дар бораи Кобул ҳанӯз гирифта нашудааст”, - таъкид дошт сухангӯи Толибон.
Амалиёти Толибон* дар рӯзҳои охир пас аз он суръат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳида эълом дошт, то охири моҳи август низомиёни худро аз ин кишвар хориҷ мекунад.
Толибон* тайи моҳҳои охир даҳҳо вилоят ва гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд ва ҳангоми тарки нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба пойтахти чанд минтақаи Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот дар ғарб ва Қандаҳор ҳамла карданд.
* - гурӯҳи террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала