Варзишгоҳ дар ҳар деҳаи ВМКБ, ки беш аз 100 хоҷагӣ дорад: нақшаҳо то соли 2030

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФутбол. Учебно-тренировочный сбор национальной команды
Футбол. Учебно-тренировочный сбор национальной команды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Дар шаҳру навоҳии ВМКБ ва деҳоте, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ доранд, то соли 2030 сохтмони майдончаю варзишгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ мегӯяд, то соли 2030 бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ дар шаҳр, маркази нохияҳо ва деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, дар аназар аст.
Файзов дар паёми шодбошияш бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки 10 август таҷлил мешавад, иттилоъ дод, ки феълан дар вилоят 403 иншооти варзишӣ аз ҷумла як маҷмааи варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 293 майдончаҳои одии варзишӣ, 11 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии “Вастан” , 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3 ҳазору 648 нафар варзишгар фаъолият доранд. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин миён 673 варзишгар духтаранд.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тавсифи раиси Кумитаи ҷавонону варзиш аз шароит барои варзишгарон дар Тоҷикистон
Дар мавриди дастовардҳои варзишгарони вилоят, Файзов зикр намуд, ки соли равон дар дар 38 мусобиқаи вилоятӣ, 18 мусобиқаҳои чумҳурӣ, 1 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намудаанд. Манбаъ афзуд, ки варзишгарони вилоят ба гирифтани 31 медали тилло, 10 медали нуқра, 30 медали биринҷӣ муваффақ гардиданд.
Раиси ВМКБ изҳори умед кард, ки дар оянда чунин пирӯзиҳо боз ҳам зиёдтар хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0