Боз бо ҳам: Вокуниши Неймар ба пайвастани Месси ба ПСЖ

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксНеймар после окончания матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Сербии и Бразилии
Неймар после окончания матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Сербии и Бразилии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Неймар ба Пари Сен-Жермен пайвастани Лионел Мессиро истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ӯ аввалин шуда гузашти Мессиро ба тимаш хабар дода, навори худро бо ин бозигар дар сафҳаи инстаграмаш зери унвони "Боз бо ҳам" гузошт
Ситораҳои футболи Аргентина ва бразилия 4 мавсим дар Барселона бо ҳам бозӣ карда, муносибати хеле наздик ва дӯстона доранд.
Бозингарон, ки қарор аст дар Пари Сен-Жермен боз ҳамдаста шаванд, тӯли ин солҳо дар тамос буданд ва дар ду дастаи гуногун бозӣ мекарданд ва муносибати онҳо хеле хуб буд.
Ин видео нишон медиҳад, ки ситораи бразилӣ аз ҳузури Месси дар Париж бештар хушҳол аст, зеро ӯ аввалин шахсе аст, ки пайвастани Леоро ба тими парижиҳо оммавӣ кард.
Ёдовар мешавем, ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси бо клуби Фаронса "Пари Сен-Жермен" барои бастани созишнома барои ду сол бо имкони тамдиди минбаъдаи он то моҳи июни соли 2024 ба мувофиқа расидаанд.
Маоши варзишкори 34-сола дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд. Лионел аллакай имрӯз аз санҷиши тиббӣ дар "ПСЖ" мегузарад.
Маълум аст, ки Месси ният дорад, ки дар ин клуб танҳо таҳти рақами 30 бозӣ кунад, ки дар оғози фаъолияти худ дар Барселона дошт.
Футбол. Чемпионат мира - 2014. Финальный матч. Германия - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Бошгоҳи қатарӣ ба Месси барои гузариш 1 миллиард евро пешниҳод кард
Футболбоз аввалин бозии худро дар ҳайати асосии Барселона соли 2004 анҷом дода буд.
Аз он вақт инҷониб ӯ ҳамеша ба ҷонибдории "кабуду - анорӣ" бозӣ мекард. Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ва ҳафт Ҷоми Испанияро ба даст овард.
Илова бар ин, ӯ чор маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудааст. Ҳафтаи гузашта раҳбарияти Барселона гуфтанд, ки ният надоранд бо Месси, созишномаи нав имзо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала