Жириновский гуфт кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия истифода мекунанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Роҳбари ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский мегӯяд кишварҳои ҳамсоя ба ҷои дархости ҳамроҳ шудан, аз Русия истифода мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Раҳбари Ҳизби либерал -демократии Русия Владимир Жириновский гуфт, кишварҳои ҳамсоя аз сарвати Русия истифода мекунанд ва Русия бояд сиёсати худро нисбати онҳо тағйир диҳад.
Жириновский рӯзи сешанбе дар "мулоқот бо ҳамватанон" дар сафорати Қирғизистон дар Маскав гуфт, ки Русия барои давлатҳои ҳамсоя маблағ ва захираҳои зиёд сарф мекунад ва Белорус, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ "аз сарватҳои Русия" истифода мекунанд.
Жириновский барои муҳоҷирон дар Русия кори нав ёфт: ба Сибир фиристед
Ба гуфти Жириновский, меарзад, ки сиёсати Русия дар ин замина тағйир дода шавад.
Ӯ мегӯяд, Русия ба давлатҳои иттифоқӣ ниёз надорад, "онҳо (ҳамсояҳо - таҳрир) бояд хоҳиш мекарданд, ки як қисми Русия бошанд".
Ногуфта намонад, ки Владимир Волфович бо ташаббусҳои аҷиби худ маъруф аст.
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Кӯчи аср: оё русҳоро аз Осиёи Марказӣ ба Русия меоранд?
Гоҳ ӯ барои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз Русия мубориза мебарад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки бо онҳо деҳаҳои партофташударо пур кунанд.
Ахиран роҳбари ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод карда буд, ки ҳамаи русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кӯчонида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала