То 42 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон гармои тоқатфарсоро дар кишвар пешгӯӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тайғирёбанда мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Молодые люди в Парке Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Вирусолог гуфт, ки чӣ гуна гармӣ ба паҳншавии коронавирус таъсир мерасонад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0