Нӯҳ кӯчаи маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд бо оби тоза таъмин гаштанд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкКран-вода: человек моет руки
Кран-вода: человек моет руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон кардааст, ки 9 кӯчаи маҳаллаҳои навбунёди шаҳр бо оби тоза таъмин гардиданд ва то охири сол боз 10 кӯчаи дигари шаҳр низ бо об таъмин хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки нӯҳ кӯчаи маҳаллаҳои навбунёди шаҳр бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Бино бар иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд идомаи сохтмони иншооти “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд”, зериншооти “Ҳавзҳои захиравии оби нӯшокӣ минтақаи 1 ва 2 бо хатҳои обгузар” идома дорад.
Гуфта шудааст, ки бо бунёди инфрасохтори зарурии обтаъминкунӣ танҳо дар соли ҷорӣ 7-адад кӯчаҳои маҳаллаи 1-2 ва 2 адад кӯчаҳои маҳаллаи 4-5 бо оби нӯшокӣ аз ҳавзҳои захиравии маҳаллаи 14-ум пайваст шуданд, ки беш аз ду ҳазор нафар аҳолӣ аз он баҳравар гардиданд.
Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“10 литр об нагирифта хушк мешавад”: шикояти сокинони Хуҷанд аз камбуди оби нушокӣ
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки то охири соли ҷорӣ аз рӯи нақша ба пурраги ба анҷом расонидани як қатор корҳо ба нақша гирифта шудаанд, аз ҷумла анҷоми сохтмони ҳавзи захиравии оби тозаи 2500м3 №2 дар маҳаллаи 14-ум ва хобонидани қубурҳои қутрашон гуногун то саргаҳи кўчаҳо пешбинӣ шуда, боз то 10 адад кӯчаҳои маҳаллаҳои навбунёд ба хати тозаи оби нўшокӣ пайваст карда мешаванд.

“Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила тамоми кўчаҳои навбунёди шаҳр бо хати обрасонӣ таъмин мегарданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи июли соли гузашта бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали “Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали ин иншоот, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15-и шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.
Бо татбиқи ҳамаҷонибаи ин лоиҳа дар маҷмӯъ 10 ҳавзи бузурги захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 50 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0