Сафари дигарбораи Ғанӣ ба назди Ато: тақдири шимоли Афғонистонро баррасӣ мекунанд

© Дафтари матуботи Ато Муҳаммади НурАто Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ
Ато Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Ин дуввумин сафари Ашраф Ғанӣ ба Мазори Шариф давоми як моҳ аст, ки сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Сафари президент ба вилояти Балх дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳама вилоятҳои шимол ва шимолу шарқ ба ҷуз Балх ба дасти Толибон* афтодаанд
Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон, бо истинод ба дафтари матбуоти Арг, президент Ашраф Ғанӣ субҳи имрӯз (чоршанбе, 11 август) ба Мазори Шариф рафт.
Муҳаммад Муҳақиқ, мушовири президент, Ҷумъа Хон Ҳамдард, фармондеҳи собиқи ҷиҳод низ Ғаниро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд.
Шоми сешанбе низ маршал Абдулрашид Дӯстум ба Мазори Шариф рафт.
Манобеъ мегӯянд, ки қарор аст имрӯз як нишаст барои баррасии вазъи амниятӣ дар шимоли кишвар бо ҳузури маршал Абдулрашид Дӯстум, Ато Муҳаммад Нур, фармондеҳони амният ва дифоъ дар вилояти Балх баргузор шавад.
Министр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Шойгу аз СПАД даъват кард, ки ба ҳуҷуми ҷангиён аз Афғонистон омодагӣ гирад
Ба иттилои манобеъ, дар ин ҷаласа дар бораи ҳамоҳангӣ байни нерӯҳои дифоӣ ва сафарбаркунии оммавӣ, инчунин чӣ гуна оғоз кардани амалиёт барои бозпас гирифтани минтақаҳои забтшуда аз ҷониби Толибон* тасмим гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан 13 июл Ғанӣ барои баррасии вазъи Шимол ба Мазори ШАриф рафта буд.
Дар рӯзҳои охир Толибон* марказҳои музофотҳои Ҷузҷон, Сари Пул ва Самангонро дар шимоли кишвар ишғол карданд.
Ҷангҳои шадид дар Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон ва Файзобод, маркази вилояти Бадахшон идома доранд.
Бархе манобеъ дар Фараҳ мегӯянд, ки чанд лаҳза пеш нирӯҳои амниятӣ Толибонро* аз бинои вилоят ва бархе аз қисматҳои шаҳри Фароҳ берун карданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала