Интиқоли бор тавассути гузаргоҳи марзии Қулма – Қаросу: Азим Иброҳим аз Чин чӣ хоҳиш кард?

© AP / Shizuo KambayashiКонтейнерный терминал, архивное фото
Контейнерный терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон аз Чин хост фаъолият дар гузаргоҳи марзии Қулма – Қаросуро соддатар кунад
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Тоҷикистону Чин фаъолияти гузаргоҳи Қулма - Қаросу ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим гуфт, фаъолият дар ин самт дар сарҳади Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синсизян – Уйғури Чин тамоюли афзоиши мусбат дорад.
Бино ба гузориши Вазорати нақлиёт, ҷонибҳо масоили таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳ, бо риояи қоидаҳои пешгирӣ ва назорати эпидемияро баррасӣ карданд.
"Барои самаранок ва пурра истифода бурдани вақти корӣ, оғози кор дар гузаргоҳи Қулма - Қаросу аз соати 10:00 ба вақти Пекин (соати 07:00 ба вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад, ки боиси афзоиши ҳаҷми молҳои интиқолёфта гардидааст", - гуфт вазир.
Азим Иброҳим пешниҳоди пешини ҷониби Тоҷикистонро ёдовар шуда, дигарбора пешниҳод кард, ки дар баробари интиқоли контейнерӣ, интиқол бо ядак ва нимядак дар минтақаи нейтралӣ анҷом дода шавад.
Ӯ мегӯяд, механизми пешниҳодшуда содда аст ва хароҷоти иловагии молиявиро талаб намекунад.
Гурӯҳи кории механизми муштарак миёни мақомоти марбутаи  Тоҷикистон ва Чин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Тоҷикистону Чин масоили боркашонии тавассути гузаргоҳи “Кулма-Қаросу”-ро баррасӣ карданд
Вазири нақлиёт ҳамчунин, масъалаи қабули контейнерҳои холии Тоҷикистонро бе пардохти иловагӣ баррасӣ намуд.
"Бо мақсади зиёд кардани интиқоли контейнерҳо, аз ҷониби Чин даъват шуд, ки ҳар рӯз баъд аз соати 16 -и вақти Душанбе ба кори кранҳои Тоҷикистон барои бор кардани контейнерҳо аз минтақаи бетараф мусоидат намояд", - омадааст дар хабарнома.
Дар баробари ин барои самаранок анҷом додани амалиёти борфурорӣ ва боркунӣ дар минтақаи бетараф, аз ҷониби Чин хоҳиш карда шудааст, ки контейнерҳоро дар болои ҳам ҷой надода, онҳоро ба мошинҳо бор кунанд ё як қатор гузоранд.
Дастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Насби таҷҳизоти беш аз 30 миллиондолларии Чин дар гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон - акс
Вазир иттилоъ додааст, ки тавассути ин гузаргоҳ дар як рӯз то 30-35 контейнер бор мегузарад.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бор бо нақлиёти автомобилӣ 36831 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0