Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимон марговар будани Йота - штамми дигари коронавирусро муайян карданд

© Sputnik / Илья Тимин / Гузариш ба медиабонкОтделение больницы "РЖД-Медицина" перепрофилировали для больных с коронавирусом
Отделение больницы РЖД-Медицина перепрофилировали для больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Олимон муайян карданд, ки хатари фавт дар одамони аз 45 сола боло, ки гирифтори штамми амрикоии Йота ҳастанд, хеле зиёд аст
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Ню-Йорк штамми нави вируси корона - Йота кашф шудааст, дар ин бора дар таҳқиқоте, ки дар портали medRxiv нашр шудааст, гуфта мешавд.
Тибқи иттилои мутахассисони Раёсати тандурустии шаҳр ва Донишгоҳи Колумбия, олимон маълумоти эпидемиологиро дар бораи мутатсияи навбатии коронавирус, ки аз моҳи ноябри соли 2020 то апрели 2021 ҷамъоварӣ шудааст, таҳлил кардаанд.
Дар баробари ин, щисоботи математикӣ гузаронида шудааст, ки имкон дод суръати интиқол, қобилияти канорагирӣ аз масуният ва марговар будани штамми Йота муайян карда шавад.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Таҳқиқот нишон дод, ки штамми Йота дар муқоиса бо дигар навъҳои коронавирус марговартар аст. Ҳамин тариқ, дар шахсони 45-64 сола хавфи марг 46%, дар одамони 65-74 сола - 82%, дар шаҳрвандони аз 75 сола боло - 62% меафзояд.
Олимон инчунин муайян карданд, ки суръати интиқоли Йота, нисбат ба дигар мутатсияҳои қаблӣ, 15-25% баландтар аст.
Ҳамзамон, вирус тавонист масунияти 10% одамонеро, ки қаблан COVID-19 -ро аз сар гузаронида буданд, рахна созад.
Йота - штамми дигари коронавирус аст, ки бори аввал дар Ню - Йорк моҳи ноябри соли 2020 муайян карда шуд ва баъдтар дар саросари Иёлоти Муттаҳида ва 27 кишвари ҷаҳон паҳн шуд.
Лентаи хабарҳо
0