Қариб ҳамаи муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳои оммавӣ дар Маскав ҳузур доштанд, боздошт шуданд

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия барои задухӯрдҳои оммавӣ то ҳадди имкон ҷазои сахт хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Кормандони пулиси Маскав дар марҳилаи ниҳоии таҳқиқи задухӯрдҳои оммавии муҳоҷирон қарор доранд, хабар медиҳад РЕН.
Тавре ки дар гузориш нишон дода шудааст, аксари иштирокчиёни занозанӣ, ки тайи чанд рӯзи охир дар саросари Маскав идома дошт, аллакай боздошт шудаанд.
Мавҷи задухурдҳои оммавӣ байни муҳоҷирон аз миёнаҳои моҳи июл дар саросари Русия паҳн шуд. Ҳама меҷангиданд: дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Туркманистон буданд.
Молоток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Додгоҳ 12 муҳоҷирро аз Русия барои ширкат дар задухӯрди оммавие дар Митиши ихроҷ кард
Ҳамчунин маълум аст, ки тақрибан сад муҳоҷире, ки қонунҳои Русияро вайрон кардаанд, ихроҷ хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, онҳо танҳо пас аз 40 сол метавонанд ба Федератсияи Русия баргарданд.
Яке аз ширкаткунандагони занозании оммавӣ пас аз боздошт гуфт, ки дар миёни боздоштшудагон ҷавонони зиёде ҳастанд, ки ба иғво дода шудаанд.
Глава Духовного собрания мусульман России Альбир Крганов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Муроҷиати муфтӣ ба муҳоҷирон дар робита ба қазияи Кузминки: ҷангҳоятонро ба Русия наоред
Ҳоло онҳо тибқи қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия - авбошӣ, ки бо истифода аз силоҳ ё ашёе, ки аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст, маҳкум хоҳанд шуд.
Ба эҳтимоли зиёд аксари ширкаткунандагони задухӯрдҳои оммавӣ ҷазои ҳадди ақалро хоҳанд гирифт ва аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала