Номи аслаш Сурайё нест: аз ошиқшавӣ ба домод дар тӯй то фирор аз Кӯлоб ва ғайбзанӣ аз ТВ

© Аз саҳифаи Сурайё Қосимова дар ИнстаграмҲунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Сурайё Қосим, овозхони номдори тоҷик, номи аслияшро, ки дар шаҳодатномааш сабтшудааст, эълон кард. Ӯ баробари ногуфтаҳои дигар, аз ҷумла гуфт, ки чигуна дар тӯй ошиқи домоди аз худаш хурд шуду шавҳараш бо 2 духтар ӯро талоқ надод ва чигуна бо дӯстдоштааш аз Кӯлоб гурехт
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Нашрияи “СССР” дар пасманзари 15 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудани Сурайё Қосим барои гирифтани маош дар ансамбли “Фалак” – и Кӯлоб тайи 2,5 сол, бидуни ҳозир будан дар ҷойи кор, матлаби калоне дар бораи ин ситораи санъати тоҷик таҳия кардааст. Матлаб ногуфтаҳои зиёде аз ҳаёти шахсию эҷодӣ ва суҳбати ошкорои Примадоннаи эстрадаи тоҷикро дар бар мегирад.
Дар матлаб зикр шудааст, ки номи аслии Сурайё Қосим дар шаҳодатномаи таваллуд Раҳима мебошад ва худи овозхон низ инро тасдиқ кардааст.

“Маро ҳама Сурайё мегуфтанд. Ман низ ба ин ном одат карда будам. Вале чун ба театр омадаму аз ман ҳуҷҷат пурсиданд, маълум шуд, ки номи расмии ман дар Шаҳодатномаи таваллуд Раҳима будааст”, - изҳор дошт Сурайё.

Ӯ афзуд, ки он замон пас аз баромади нахустинаш аз ҳамсинфон хостааст, ки Сурайё нагӯянду Раҳима хитобаш кунанд, аммо ҳамсинфон қабул накардаанд.
“Раҳмат ба ҳамсинфон, ки ин номи хеле зеборо барои ман ҳифз карданд. Вагарна ман кайҳо Раҳимаи Қосим мешудам. Ба пиндорам номи Сурайёи Қосим гӯшнавозтар аз он аст. Барои ин хизмати кӯдакони даврони бачагиям як умр аз ишон миннатгузорам”, - изҳор доштаст Сурайё.
Дар мавриди саргузашти Сурайё ном гирифтани Раҳима оварда шудааст, ки Бобои Раҳмон, боре ба хонаи келинаш Давлатбӣ, ба Кӯлоб меҳмон шудаву номи тифли гаҳворабандро мепурсад. Зану шавҳари ҷавон мегӯянд, ки Раҳима, аммо мӯйсафед пешниҳод мекунад, ки Сурайё номаш ниҳанд ва ҳамин тариқ ин ном ба яке аз ситораҳои санъати тоҷик мансуб шудаст.

Падар таркашон кард: аз раққосагӣ то овозхонӣ

Сурайё Қосимова 21 апрели соли 1957 дар кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ба навиштаи “СССР”, падараш, ки дар овони донишҷӯӣ бо модараш ошпази Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр буд, ақди никоҳ баставу баъди таваллуди фарзанди 4-ум, модари Сурайёро партофта меравад. Таъкид шудааст, ки солҳо ба баъд Сурайё падарро пайдо кардаву хоҳараку бародарони аз ӯву завҷаи дигар доштаашро пайдо намудасту муносоиботи хуб доранд.
Сурайё Қосимова бо духтаронаш - Шабнам ва Фарзона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2019
Азми Шабнам барои кумак ба беморони сил ва дастгирии модараш аз ин иқдом
Садбарг, Сурайё, Шамс ва Файз аз хурдӣ ятим мемонанд, вале модарашон Давлатбӣ Қосимова дигар оиладор нашуда, барои тарбияи онҳо камар бастааст. Сурайё кӯдакияшро дар баракҳои Кӯйбеш ба хубӣ ёд меораду афзуд, ки ба оянда ба умед менигаристанд.
Сурайё ҳанӯз дар синфи 4 мехонд, ки меҳраш ба саҳнаи бузурги театри касбӣ бедор гардид. Хоҳарбузургаш Садбарг Қосимова он замон раққосаи маъруфи театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд, ӯро низ бо худ ба театр бурда, корашро дар ҷодаи ҳунар аз рақс оғоз мекунаду баъда ба овозхонӣ мегузарад.

Шитобу иштибоҳ: Сурайё дар бораи хонадорӣ бо Назирмад

Сурайё мегӯяд, дар нахустин издивоҷаш, ки дар 17-солагӣ буд, каме ба шитобкорӣ роҳ додааст. Ҳосили издивоҷи Сурайё бо Назирмад ду гулдухтар - Рӯзигул ва Шабнаманд, ки ба навиштаи “СССР” ҳар ду чун себи дукафон монанданд, танҳо бо ин тафриқа, ки Рӯзигул роҳи маърифати ухравӣ пеша кардаасту Шабнам маърифати дунявиро.
Худи Сурайё дар бораи издивоҷи нахустинаш мегӯяд, ки азбаски хушдорҳои зиёд думболаш мегаштанд мақсад гузоштаст, ки зуд ба шавҳар барояд ва соли 1975 бо Назирмад, ки овозхони ансамбли театр буд, издивоҷ кардааст.
Пулод Шаропов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2020
"Ҳаёти ман аст": ҳамсари ҷавони Сурайё Қосимова аз мардум хост, ӯро ба ҳолаш гузоранд
“Он вақтҳо барои оилаҳои ҷавон ғамхориҳо зиёд буд ва моро дар маҳаллаи даҳуми шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣ доданд. Зиндагии хуб доштем. Фақат ман баъди як ду сол фаҳмидам, ки дар издивоҷ саросемагӣ кардам. Имкон буд хубу бади дунёро фаҳмида баъд ба зиндагии мустақилона мегузаштам, аммо алакай дер шуда буд. Ин овон аллакай Рӯзигул ва Шабнам таваллуд шуда буданд. Бо Назирмад таи даҳ сол зиндагӣ кардем, ҳарчанд хушбахт будам, аммо ба ин зиндагӣ ризоияти комил надоштам ва гоҳ гаҳ сардиҳои тӯлонӣ ва кӯтоҳ миёни мо сар мезад”, - ёд овардаст овозхон.

Сурайё дар тӯй ошиқи домоди аз худаш хурд шуд

Нахустин ишқи ҳаёти Сурайё Хуршед гуфта мешавад. Онҳо дар тӯйи Хуршед, ки аз Сурайё 7 сол хурдтар будааст ошиқи ҳамдигар мешаванд.
“Тӯй буд. Тӯйи яке аз калоншавандаҳои партияи коммунистӣ дар вилояти Кӯлоб ва ман сароянда будам. Домод Хуршеди ман буд”, - ошкоро эътироф кардааст Сурайё.
Ӯ сарусадоро, ки дар рӯзи тӯйи Хуршед бо ҳам ба Душанбе фирор кардаанд, рад намуда, тавзеҳ додааст, ки ин чанд моҳ баъд рух додааст.
Дар мавриди дидори дубора бо Хуршед, Сурайё изҳор доштааст, ки духтарчае аз Донишкадаи Кӯлоб, ки дар ҷустуҷӯи манзилаи иҷора ба хонаашон омада буд, чанд моҳе ба баъд гуфт, мехоҳад ҳамкурсонашро ба рӯзи таваллудаш гирд овардаву зиёфат диҳад.
“Ва дар байни ҳамкурсони он духтар боз Хуршедамро дида, дилам таҳ кашид. Фаҳмидам, ки ин ишқ ҳукми Худост вагарна тасодуфан дубора ӯро намедидам”, - тасвир кардааст он лаҳзаро овозхон.
Таджикские звезды посвятили песню Эмомали Рахмону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2017
“Ту меарзӣ!”: тарона дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмон
Ӯ афзудааст, ки оҳиста-оҳиста мухаббати Хуршед дар дилаш ҷой гирифт, чун муносибот бо Назирмад хело сард гашта буду Хуршед низ ба завҷаи худ муҳаббат надошт.

Назирмад талоқ надод: фирори Сурайё бо Хуршед ба Душанбе

Ба гуфтаи овозхон, ӯ хост бо шавҳараш Назирмад атрофи ҷудо шудан суҳбат кунад, аммо мард розӣ нашудаст. Сароянда таъкид мекунад, ки зориву тавалло кардаст, чун оқибати ин кор барои ҳарду хуб несту пешниҳод кардааст, ки ба хубӣ ҷудо шаванд, аммо Назирмад якравӣ кардаст.

“Оқибат ману Хуршед аз Кӯлоб гурехтем, ба Душанбе омадем ва муддати як моҳ дар ин ҷо мондем. Дар Кӯлоб овозаву дарвозаи зиёд шуд, аммо мо аз райъамон нагаштем. Ҳарчанд Хуршед писари одами калони шаҳр буд, аммо обрӯву иззати ҳамаро як сӯ гузошту муҳаббати маро як сӯ. Ман низ ба ин муҳаббат носипосӣ накардам, ӯро дӯст доштам. Ин кор соли 1986 буд”, - нақл кардааст Сурайё қазияро.

Муаллиф менависад, ки ин амал шӯре барангехт. Дар матлаб таъкид шудааст, мисле, ки имрӯз духтарони Сурайёро дар ТВ нишон намедиҳанд, он вақт Сурайё низ барои ним сол аз экрани телевизори Тоҷикистони советӣ ғайб зад.

Як ҷумлаи Сурайё, ки танқидгаронашро лол гузошт

Дар пайи фирори Сурайё Қосим бо дӯстдошта шӯре бархестааст ва ба навиштаи Нозирҷон Ёдгорӣ, он замон мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” дар Кӯлоб ҷаласаи муҳокимавии овозхон даъват гардид.
Ёдгорӣ ёд овардааст, ки дар ҷаласа раисикунанда Сурайё Қосимро ба саҳна хонд, то дар бораи ин “рафтор”-и худ ҳисобот диҳаду тавассути одамони пешакӣ тайёркарда, ба муҳокима мегузаштанд.
“Сурайё Қосимова аз ҷо хест, гурс-гурс қадам зада, на ҷониби саҳна, балки ҷониби дари баромад рафт ва пеш аз берун шудан ҷониби раёсати ҷаласа, як нигоҳи теғдоре афканда, гуфт: Шумо ишқро аз куҷо мефаҳмед!?” – нақл Ёдгорӣ.
Ӯ афзуд, касе чашмдори чунин кори Сурайё набуд ва ҳама карахту хомӯш монданд.
Дар матлаб дар бораи издивоҷи охири Сурайё Қосим, ки соли гузашта расонаӣ шуд, чизе оварда нашудааст. Хабари хонадоршавии Сурайё Қосим, ки имсол 64-солагияшро таҷлил кард, бо Пӯлод Шаропов ном марди аз худаш хурд, шабакаҳои иҷтимоиро такон дод. Синни шавҳари нави Сурайё ҳудуди 45 гуфта мешавад, ки аз издивоҷи қаблияш се фарзанд дорад. Шаропов хонадоршавияшро бо Сурайё аз дӯстдорӣ гуфт.
Худи Сурайё Қосимова низ борҳо хушбахтияшро дар издивоҷи нав таъкид карда, барои дигарон низ хушбахтӣ орзу кардааст.
Лентаи хабарҳо
0