Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҳушдори олимон: сигоркашӣ антителҳои COVID -ро коҳиш медиҳад

© PixabayСигарета, архивное фото
Сигарета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Таҳлилгарон ташхиси хуни 378 корманди тибро пас аз гирифтани вояи дуюми ваксин алайҳи коронавирс барои озмоиш гирифтанд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Сатҳи антители COVID-19 бинобар тамокукашӣ коҳиш меёбад, менависад "Известия" бо истинод ба олимони донишгоҳҳои тиббии Докке ва Ҷичии Ҷопон.
Ҳангоми омӯзиш, мутахассисон аз 378 корманди соҳаи тиб (255 зан, 123 мард) се моҳ пас аз ваксина кардани ҷузъи дуюми Pfizer барои муайян кардани шумораи антител хун гирифтанд. Дар ин таҳлил синну сол, одатҳои бад ва маризиҳои ирсиии кормандон ба назар гирифта шуд.
Курение в общественных местах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Тамоку хатари гирифторшавӣ ба коронавирусро меафзояд
Сипас муҳаққиқон намунаҳои хуни ихтиёриёнеро, ки сигор мекашиданд ва онҳое, ки ҳеҷ гоҳ сигор намекашиданд, муқоиса карданд.
Маълум шуд, ки консентратсияи антител дар хуни иштирокчиёни гурӯҳи якум, новобаста аз ҷинс, аз меъёр камтар аз 140-250 адад будааст. Синну сол низ аҳамияти бузург дошт - сатҳи пасттарин дар пиронсолон мушоҳида шудааст.
Муҳаққиқон инчунин ба хулосае омаданд, ки тарк кардани тамокукашӣ метавонад самаранокии ваксинаи шахсро беҳтар созад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала