Қатъи обрасонӣ дар як ноҳияи Душанбе: сабаб маълум шуд

© pixabayВодопроводный кран
Водопроводный кран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Як маҳаллаи шаҳри Душанбе ба муддати 12 соат бе об мемонад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Аз соати 11:00 то соати 23:00 -и рӯзи 11 август, дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мегардад.
Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" хабар медиҳад.
Сабаби маҳдуд шудани обрасонӣ, таъмири қубурҳо гуфта мешавад.
"Ин иқдом дар робита ба татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии обу корезии Бонки ҷаҳонӣ ва ивази қубурҳо гирифта мешавад", - омадааст дар хабарномаи АМИТ "Ховар".
Дар ин росто, аз сокинони маҳаллаи мазкур хоҳиш карда мешавад, ки об захира намоянд.
Шаҳрдорӣ сабаби қатъи обрасонӣ дар чор ноҳияи Душанберо гуфт
Ногуфта намонад, ки пештар низ чанд маротиба дар саросари шаҳри Душанбе обрасонӣ қатъ шуда буд.
Шаҳрдорӣ сабаби қатъи обрасонӣ дар чор ноҳияи Душанберо гуфт
Он замон шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки сабаб таъмири қубурҳо обтаъминкунӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала