Сарбозони фирорию ҳамлагар ба мошини пулис: Русия 8 муттаҳамро ба Тоҷикистон истирдод кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Ҳама ҷинояткорони эҳтимолӣ барои гурез аз ҷазо аз кишвар фирор карданд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ҳашт нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар ин бора ба ТАСС бо истинод аз дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия хабар дод.
Ин ниҳод гуфтааст, ки интиқоли айбдоршавандагон дар парвандаҳои ҷиноӣ дар замони пандемияи коронавирус мушкил шудааст. Аммо, ба ҳар ҳол, вақте ки вазъи эпидемиологӣ барои истирдод имкон дод, ҳама чораҳои амниятӣ риоя карда шуданд.
Яке аз муттаҳамон дар тирандозӣ ба мошини кормандони интизомӣ дар соли 1996 гумонбар дониста мешавад, ки дар натиҷа 4 нафар кушта шуданд.
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Қариб ҳамаи муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳои оммавӣ дар Маскав ҳузур доштанд, боздошт шуданд
Боз ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва яке бо ҷурми қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Илова бар ин, яке аз шаҳрвандони истирдодшуда бо иттиҳоми латукӯби ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ ба рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд.
Додситонии кулл ҳамчунин як гумонбари дуздии бузург ва ду сарбозеро, ки ҳангоми хидмат аз кишвар фирор кардаанд, ба Тоҷикистон супурд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала