Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Спутник V" - муассиртарин ваксин алайҳи штамми "делта" мебошад

© Пресс-служба мэра и правительства Москвы / Гузаштан ба хазинаи аксВ миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19
В миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Штамми "делта", ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуд, ҳамакнун дар қисмати зиёди давлатҳои дунё доман задааст. Аммо алайҳи ин вирус ваксини сохти Русия сареъияти худро нишон додааст
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфт, ки ваксинаи "Спутник V" дар пешгирӣ ва мубориза бо "делта" - и штамми COVID-19 муассир аст.
"Имрӯз "Спутник V" натиҷаҳои муассиртаринро дар пешгирӣ, мубориза бо шиддати "делта" нишон медиҳад. Натиҷаҳои охирин нишон медиҳанд, ки самаранокии дору тақрибан 83 фоизро ташкил медиҳад", - таъкид намудааст Мурашко ба РИА Новости.
Вай қайд кард, ки ваксина зиёда аз 95 фоизро аз ҳолатҳои вазнини коронавирус муҳофизат мекунад. Он самаранок боқӣ мемонад ва корашро идома медиҳад, таъкид намуд вазир.
Индийские медсестры в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пайдо шудани масунияти оммавӣ аз COVID имконнопазир аст
Штамми "делта" - и коронавируси SARS-CoV-2 яке аз мутатсияҳоест, ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф карда шудааст.
Духтурон тахмин мезананд, ки хусусияти он дар сироятёбии зуд ва ҳамзамон хатари бистари беморхона кардани маризон зиёд аст. Ин штамм қариб дар 100 кишвар, аз ҷумла Қирғизистон доман задааст. Баъзе олимон пешгӯӣ мекунанд, ки штамми Ҳиндустон ба штампи бартаридошта дар ҷаҳон мубаддал хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала