Такзиби таваққуфи тиҷорат миёни Эрону Афғонистон

© Sputnik / Табылды КадырбековПробка из фур, архивное фото
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Мақомоти гумруки Эрон хабарҳо дар мавриди комилан мутаваққиф шудани тиҷорат бо Афғонистонро такзиб кард
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт, ҳаракати мошинҳои боркаши содиротӣ дар марзҳои "Доғарун" -и Хуросони Разавӣ ва "Моҳируд" дар Хуросони Ҷанубӣ ба Афғонистон идома дорад.
Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон бо такя ба Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, раванди тиҷорат дар гузаргоҳи марзии “Моҳируд” афзоиш ёфтааст ва беш аз 500 мошини боркашон ҳар рӯз ба мошинҳои боркаши Афғонистон интиқол дода мешаванд.
Таъкид шудааст, ки дар гузаргоҳи марзии “Доғарун “ тақрибан 250 мошини боркаш рӯзона борҳои тоҷиронро ба масири Афғонистон интиқол медиҳанд.
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Пентагон: Толибон* қодиранд давоми 90 рӯз Кобулро ишғол кунанд
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳусейн Салимӣ, раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Афғонистон дар бораи вазъи тиҷорати ду кишвар дар рӯзҳои охир гуфт, ки даргириҳо, ҳамалоти Толибон* (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар пайи бомбаборони Афғонистон аз сӯи ИМА, тиҷорат миёни ду кишвар комилан қатъ кардааст.
Салимӣ дар ин замина шарҳ дода буд, ки хавфи тиҷорат дар ин шароит хеле боло аст ва чӣ фурушандагони эронӣ ва чӣ харидорони дохили Афғонистон ҳозир ба қабули ин хавф нестанд. Зеро маълум нест, ки боре ба дохили Афғонистон меравад ба дасти харидор бирасад ё хайр. Аз тарафи дигар, ин борҳо бима ҳам надоранд ва мавзӯъ мизони хавфро бисёр афзоиш медиҳад, таъкид намуда буд Салимӣ.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала