Толибон* майдони ҳавоии муҳими маркази вилояти шимолии Қундузро гирифтанд - навор

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Толибон* фурудгоҳи стратегии маркази вилояти шимолии Қундузро ишғол карданд
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки ин ҷангҷӯёни ин гурӯҳ назорат ба фурудгоҳро ба даст овард.
Вай ҳамчунин як навори видеоиро ҳам нашр кард, ки дар он гӯё саҳнаҳои ба сафи ҷангҷӯён пайвастани аъзои нирӯҳои ҳукуматӣ ба чашм мерасад.
Тибқи гузоришҳо, садҳо аъзои нирӯҳои амниятии Афғонистон ба ҷангиён таслим шудаанд. Аммо бархе аз нерӯҳои амниятӣ тавонистанд ба ноҳияи Алиободи Қундуз ақибнишинӣ кунанд.
Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, баъд аз зери назорати Толибон* гузаштани аксар қисматҳои шаҳри Қундуз дар рӯзҳои истироҳати гузашта садҳо сарбозу ходими полиси афғон “ҳамроҳ бо муҳимоти низомиашон” ба сафи Толибон гузаштанд.
Бо афзоиши қаламравҳои зери назари Толибон дар як ҳафтаи ахир, президент Ашраф Ғанӣ ба пойтахти вилояти Балх, шаҳри Мазори Шариф рафт, то, ба қавли дафтари президент, вазъи амниятии шимоли кишварро мавриди санҷиш қарор диҳад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала