Толибон* марказҳои музофотҳои шимолиро ишғол карданд: ҷавоби Кобулу Вашингтон чӣ гуна аст

© AFP 2021 / ROMEO GACADВооруженные люди в Афганистане
Вооруженные люди в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Тасарруфи босуръати марказҳои панҷ музофоти шимоли Афғонистон аз ҷониби Толибон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ таҳдид намуда, сабаби бештар ворид шудани гурезаҳо ва фалокати бузурги башарӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Дар тӯли се рӯз, 8-10 август, ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* ғайр аз маркази маъмурии музофоти Нимрӯз дар ҷанубу ғарби кишвар, маркази панҷ вилояти шимоли Афғонистон, аз ҷумла Кундуз, Сарипул, Ҷузҷон, Самангон, Балхро ишғол карданд. Панҷ вилояти Афғонистон, ки аз ҷониби Толибон* гирифта шуданд, як нуқтаи сиёҳи бузург дар харита аст. Дар ҳамин ҳол, Ҷузҷон, Балх ва Қундуз бо Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.
Толибон* аз аввали тобистон дар аксарияти музофотҳо дар ҷанг бо нирӯҳои ҳукуматӣ пешравӣ доранд ва бо вуҷуди ин муваффақиятҳо дар шимоли Афғонистон вазъ аҷибу ғариб ба назар мерасанд. Қаблан Толибон* дар ин минтақа назар ба минтақаҳои марказӣ ва ҷанубӣ ҳамеша заифтар буданд. Вақте, ки Толибон* дар солҳои 1996-2001 нахустин бор ба сари қудрат омада буданд, як қисми кишвар бо талошҳои Эътилофи Шимолӣ аз назорати ин гурӯҳи террористӣ дур монда буд. Он замон дар дараи Панҷшер садҳо ҳазор паноҳандагон паноҳ бурда буданд. Онҳо зиёд азоб мекашиданд (оби нӯшокӣ ва ғизо намерасид), аммо зиндагиро ҳамин тавр сипарӣ мекарданд, на дар хонаҳояшон - таҳти ҳукмронии Толибон *. Имрӯз минтақаи амн танҳо пойтахти ин кишвар шаҳри Кобул ва кишварҳои ҳамсоя мебошанд.
Директор ИЦ Ближний Восток – Кавказ Станислав Тарасов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тарасов: дар Афғонистон ҳамаи нишонаҳои ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд доранд
Ҷангҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни Толиб* дар 18 вилоят, аз ҷумла Бадахшон, Тахор, Қундуз, Ҷузҷон, Ҳирот, Ҳилманд ва Қандаҳор идома дорад. Дар ин ҷангҳо садҳо нафар ашхоси ғайринизомӣ кушта шуданд, беш аз 57 ҳазор оила хонаҳои худро тарк карданд. Муҳоҷирон дар Кобул тазоҳурот карда, аз ҳукумат ва СММ кӯмак талаб карданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати маорифи Афғонистон, пас аз шуддат гирифтани ҷанг ва ҳамлаҳои пай дар пайи Толибон дар саросари кишвар, 42 дарсади донишҷӯён дастрасӣ ба таҳсилро аз даст доданд. Ва ин танҳо аввали роҳ ба сӯи "Аморати исломӣ" аст.
Нишонаҳои фалокати бузурги башарӣ, бо дасти Вашингтон сурат гирифтааст. Аммо Вашингтон, то ҳадди имкон кӯмак мерасонад. Барои мисол Амрико бомбаандозҳои стратегии B-52-ро ба ин кишвар фиристод, то ки мавқеъҳои Толибон ва биноҳои ҳамсояро аз боло бомбаборон кунад. Чунин тактик дар тӯли 20 соли охир Толибонро тағйир надодааст ва пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО зарбаҳои ҳавоӣ зоҳиран ноумедӣ ва нотавонии сиёсӣ ба назар мерасанд.

Кӣ гунаҳгор аст?

Вашингтон дар самти Афғонистон нақшаи дақиқи амал надорад. Нерӯҳои Ҳавоии ИМА ҳоло ҳам алайҳи Толибон, асосан аз пойгоҳи ҳавоии дурдасти Ал –Удейд, ки дар халиҷи Форс ҷойгиранд, ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Ҳамзамон, Пентагон ишора мекунад, ки дар "суқут" худи ҳукумат дар Кобул гунаҳгор аст, ки натавонистааст аз бартарии худ истиода намояд - шумори зиёди нерӯҳои амниятӣ, ки дорои силоҳу таҷҳизоти муоссир ҳастанд.
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ бо Толибон* дар Доҳа гуфтушунид мекунанд
Амрикоиҳо намехоҳанд эътироф кунанд, ки сохтмони бистсолаи артиши Афғонистон тибқи стандартҳои НАТО (бо харҷи даҳҳо миллиард доллар) - бе назардошти воқеият ва менталитети маҳаллӣ - бесамар будааст. Ба гуфтаи Бенҷамин Фридман, роҳбари маркази таҳлилии амрикоии Defence Priorities, ки рӯзномаи The Washington Times аз ӯ иқтибос оварда аст, "ҳадафи сохтмони давлат ноком шуд ва ташкили қувваҳои мусаллаҳи муоссир дар пойдевори хароби давлат қариб, ки ғайриимкон аст”
Толибон шаҳрҳои Афғонистонро мисли бозии компютерӣ ба назорати худ гирифтанд – зуд вабо талафоти камтарин. Онҳо мошинҳои зиреҳпӯш ва неруҳо нерӯҳои махсуси худро дар набардҳо боақлона истифода мебаранд. Ба наздикӣ, ҳатто маркази вилояти стратегии муҳим Шеберғон (дар наздикии марзҳои Ӯзбакистон ва Туркманистон) суқут кард, ки қаблан онро шадидан муҳофизат мекарданд. Ин шаҳр зодгоҳ ва қароргоҳи яке аз рақибони асосии Толибон* - маршал Абдурашид Дӯстум мебошад.
Шӯрои Амнияти СММ дар бораи Афғонистон як ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард, ки Толибон* онро нодида гирифтанд. Роҳбари намояндагии СММ дар Афғонистон Дебора Лионс ҳушдор дод, ки ҳамла ба шаҳрҳо метавонад боиси талафоти зиёди сокинони ғайринизомӣ гардад, кишвар бо "занҷири фоҷиавии бо ҳам алоқаманд ба бӯҳронҳо" дучор мешавад ва ташкили Аморати Исломӣ барои Иёлоти Муттаҳида қобили қабул нест. Дар ҳамин ҳол, Вашингтон ва Лондон аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки фавран Афғонистонро тарк кунанд.
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва садҳо оилаҳои гуреза: артиши Афғонистон Толибонро аз Мазори Шариф ронд
Имкони бозгашти Пентагон ҳоло ҳам ҳаст, аммо дар асл барои ин кор на пул ҳасту на вақт. Рӯзномаи The New York Times бо истинод ба як мақоми баландпояи Кохи Сафед навиштааст, ки муваффақиятҳои низомии Толибон* нақшаи президенти ИМА Ҷо Байденро дар бораи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тағйир надодаанд. Ҳамин тариқ, Вашингтон билохира муттаҳидони осиёӣ ва аврупоии худро ба раҳмати тақдир ва Толибон гузошта аст.

Чи бояд кард

Пас аз ҷанги тӯлонӣ ИМА ва НАТО кӯшиш доранд, ки ба Толибон* бирасонанд, ки аз ҳамла ва пирӯзии наздик даст кашанд. Сухангӯи расмии эътилоф рӯзи 10 август гуфт, "Толибон* бояд ҳамлаҳои худро қатъ кунанд ва дар музокироти сулҳ софдилона ширкат намоянд". Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) аз террористон даъват кард, ки ба муборизаи мусаллаҳона анҷом диҳанд, вагарна ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ ҳокимияти онҳоро эътироф нахоҳад кард.
Соддагии нодир. Дуввумин тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон аз эҳтимол дур нест. Сипас терроризми байналмилалӣ аз қаламрави Афғонистон ба самти Аврупои Ғарбӣ кӯч дода мешавад. Албатта, қочоқи маводи мухаддир низ ҳеҷ ҷое гум намешавад.
Министр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Шойгу аз СПАД даъват кард, ки ба ҳуҷуми ҷангиён аз Афғонистон омодагӣ гирад
Музокирот дар бораи ояндаи Афғонистон дар Доҳа бо ширкати намояндагони Русия, Чин, Покистон, ИМА ва Толибон* 10 август оғоз ёфт. Натиҷаи онҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст, аммо ҷанг дар Афғонистон бешубҳа идома хоҳад ёфт. Танҳо одамони бемасъулият, кӯтоҳандеш ё манфиатдор афсонаҳои "Толибони хуб"-ро эҷод мекунанд, ки метавонанд ба таври қонунӣ ба сохторҳои қудратии ҷумҳурии исломии мавҷуда ворид шаванд ва пулемёту автоматроҳоро канор монанд.
Эҳтиётона Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар наздикии марзҳои Афғонистон бо ҷалби нерӯҳои муҳим, мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ як силсила машқҳои муштараки низомӣ анҷом диҳанд. Илова бар ин, Маскав интиқоли силоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказиро афзоиш дод ва ба такмили қувваҳои мусаллаҳи миллӣ фаъолона мусоидат хоҳад кард.
Русия пойгоҳи низомии 201-и худро дар Тоҷикистон боз ҳам пурзур кардааст. Дар ин пойгоҳ мошинҳои нави зиреҳпӯш ва оташандозҳои дурзани нав пайдо шуданд. Омодагӣ ба ҷанг дар сатҳи олӣ боқӣ мемонад ва ин як равиши оқилона аст.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала