Дар Тошканд аксҳои қаҳрамонони олимпиро деворнигорӣ мекунанд

CC BY-SA 3.0 / Wikipedia / Dilshod Akbarov / Город Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Эскизҳои деворҳои оянда аллакай омодаанд, онҳоро то аввали сентябр дар шаҳр дидан мумкин мешавад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар яке аз ноҳияҳои Тошканд дар деворҳои бинои бисёрқабата аксҳои қаҳрамонони олимпиадаи Токио - 2020 пайдо мешаванд.
Чунин иқдомро рассомони ширкати Novda Group пеш гирифтаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Раҳбари ҳокимияти ноҳияи Сергелӣ, чунин иқдомро дастгирӣ кард. Акнун муаллифон ба таъсиси стрит-арт оғоз мекунанд. Ин туҳфаи рассомон ба муносибати рӯзи истиқлолият будааст.
Обрушение Кош Медресе в Бухаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Девори мадрасаи асри XVI дар Бухоро фурӯ рехт - акс
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта аввалин акси деворӣ дар ҳамон минтақа ба шарафи табибоне, ки бар зидди коронавирус мубориза мебаранд, кашида шуда буд.
Ин деворнигорӣ дар чорроҳаи кӯчаҳои Янги Сергелӣ ва Лутфкор пайдо шуд.
Хотимаи тиллоӣ: муштзани узбек қаҳрамони олимпӣ шуд
Муаллифи лоиҳа - Бунёди байналмилалии рушди илм ва маориф - ZIYO FORUM мебошад.
Ба гуфтаи муаллифон, ин асарҳои деворӣ бо аксҳои қаҳрамонони олимпӣ як навъ арҷгузорӣ ба заҳматҳои варзишкорон, мураббиён ва тӯҳфаи арзанда ба муносибати 30 -умин солгарди истиқлолияти кишвар хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала