Вазири хориҷаи Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба Толибон* фишор биёранд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча глав МИД РФ и Афганистана С. Лаврова и Х. Атмара
Встреча глав МИД РФ и Афганистана С. Лаврова и Х. Атмара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Вазири умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки ҷаҳон бояд барои ҷилавгирӣ аз омадани Толибон* муттаҳид шавад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Рӯзномаи The Wall Street Journal менависад, ки Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон аз Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки ба гурӯҳи тундгароӣ Толибон* фишор оварда шавад.
Вазири умури хориҷии Афғонистон хостори таҷдиди ҳарчи бештари таҳримҳои Созмони Милал алайҳи ин гурӯҳ шуд, аз ҷумла манъи сафари роҳбарони ин ҷунбиш ба кишварҳои дигар.
"Вай аз Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳо даъват кард, ки таҳримҳо СММ дубора барқарор шаванд,аз ҷумла манъи сафари раҳбарони Толибон ба хориҷ аз кишвар. Ҳамчунин бо истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи ин гурӯҳ посух диҳед", - омадааст дар ин гузориш.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Афғонистон, ҳоло ба раҳбарони Толибон* таҳримҳо метавонад бисёр таъсирбахш бошанд, аз ҷумла ба онҳое, ки бисёре аз онҳо феълан дар пойтахти Қатар ба сар мебаранд.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми ҷаҳон бояд муттаҳид шаванд, то аз шиддати вазъ дар Афғонистон пешгирӣ кунанд.
Вооруженные люди в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Толибон* марказҳои музофотҳои шимолиро ишғол карданд: ҷавоби Кобулу Вашингтон чӣ гуна аст
Атмар бар ин бовар аст, ки ҷамъ шудани шумори зиёди террористон дар кишвар ба пайдоиши гурӯҳҳои дигари террористӣ мусоидат мекунад.
Пештар хабар дода шуд, ки садҳо тан аз нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ҷангҷӯёни Толибон* дар наздикии шаҳри Кундуз таслим шуданд.
Ба навиштаи як қатор расонаҳои ғарбӣ, суқути Кундуз метавонад як ҷанбаи муҳиме барои иваз шудани вазъ дар Афғонистон шавад.
Дар ҳамин ҳол, Кобул маълумотро дар бораи аз даст додани назорат бар шаҳри Кундузро рад кард.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала