Амонзода бо ҳокими вилояти Самарқанд масъалаи омодасозии кадрҳои коргарро баррасӣ кард

© Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии ӮзбекистонМинистр труда Таджикистана Ширин Амонзода провела встречу с председателем Самаркандской области Эркинджон Турдимов
Министр труда Таджикистана Ширин Амонзода провела встречу с председателем Самаркандской области Эркинджон Турдимов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Вазири тоҷик дар мулоқот бо ҳокими вилояти Самарқанд омодасозии кадрҳои коргарии мутобиқ ба талаботи бозори меҳнатро муҳим донист
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ахиран Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба Ӯзбекистон аз марказҳои касбомӯзии шаҳри Самарқанд дидан намуд ва бо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов мулоқот кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни мулоқот тарафҳо қайд намуданд, ки омодасозии кадрҳои коргарии мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб мебошад.
“Дар ин замина, ҳокими вилояти Самарқанд аз фаъолияти самарабахши мономарказҳо ёдовар шуда, таъсирнокии ин марказҳоро дар тарбияи кадрҳои коргарӣ муҳим арзёбӣ намуд”, - қайд кардааст манбаъ
Минтруд Таджикистана и Узбекистана подписали 2 соглашения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ ду санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Дар ҳамин ҳол, Ширин Амонзода зимни мулоқот таъкид доштааст, ки бинобар сабаби тавъам будани мушкилотҳо дар самти омодасозии кадрҳои коргарӣ дар байни ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳи маҳал ва вилоятҳои ҳаммарзи ҳарду кишвар ва табодули таҷриба муҳим мебошад.
Гуфт а шудааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои боз ҳам густариш додани муносибатҳои мутақобилан судманд ҳамкориҳоро идома дода, корро дар сатҳи вилоятҳои ҳаммарз густариш диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала