Завқизода ба сафири Покистон: дар бахши нассоҷӣ ва фармасевтӣ корхонаҳои муштарак созед

© Министерство экономического развития и торговли РТ Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода провел встречу с послом Пакистана в Душанбе
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода провел встречу с послом Пакистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон дар шаш моли соли равон, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Душанбе масоили тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод.
Бино бар иттилои манбаъ ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар баррасӣ шуд.
Гуфта шудааст, ки зимни мулоқот Завқӣ Завқизода қайд кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон решаҳои тӯлонӣ ва амиқ дорад.
“Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, ки дар ҷараёни он 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, шаҳодати гуфтаҳост”, — қайд кард вазир.
Раджаббой Ахмадзода встретился с послом Пакистана Имран Хайдар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2019
Дар бозорҳои Покистон нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон пайдо хоҳад шуд
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар 6 моҳи соли равон тадриҷан барқароршавии гардиши савдо миёни ду кишвар мушоҳида мешавад.
“Дар ин давра ин нишондиҳанда ба 18,9 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст”, - афзуд Завқи Завқизода.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни кишварҳоро инъикос накарда, ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди истифодаи ин иқтидорҳо вуҷуд доранд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки вазири тоҷик зимни мулоқот якчанд самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаи мутақобилан судманд, бахусус таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашуда дар соҳаҳои нассоҷӣ ва фармасевтӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати дуҷониба пешниҳод намуд, ки ҷониби Покистон пазируфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала