Жириновский пешниҳод кард, ки сафир аз Қирғизистон бозхонд шаваду робитаҳо қатъ гарданд

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Раиси ҳизби либерал-демократии Русия дар робита ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон эълон кардааст, ки бояд фавран сафири Русия бозхонд шаваду тамоми робитаҳо бо ин кишвар қатъ гарданд
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, ахиран пешниҳод кардааст, ки сафири Русия аз Қирғизистон бояд фавран бозхонд шавад.
Сиёсатмадори рус инро ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рабт додааст.
“Бозхонд бояд "фавран" сурат гирад ва ҳамчунин "ҳамаи робитаҳои тиҷорӣ бо Қирғизистон қатъ шавад", - гуфт Владимир Жириновский.
Ёдрас мешавем, ки ахиран як муштарии маркази дилхушии MagicCity дар Қирғизистон аз ходими русзабони марказ талаб кард, ки бо забони қирғизӣ суҳбат кунад ва ҳисобкунакро ба тарафи ходими русзабон андохт.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Жириновский гуфт кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия истифода мекунанд
Жириновский пешниҳод доштааст, ки бояд пушти дари сафорати Қирғизистон дар Русия гирдиҳамоӣ ташкил шавад.

"Ман шахсан мераваму ширкат мекунам. Ва шадидан талаб мекунем, ки муҳоҷирони Қирғизистон аз Русия берун карда шаванд", - таъкид дошт Жириновский.

Бояд гуфт, ки чанде пеш Раҳбари Ҳизби либерал -демократии Русия Владимир Жириновский гуфт, кишварҳои ҳамсоя аз сарвати Русия истифода мекунанд ва Русия бояд сиёсати худро нисбати онҳо тағйир диҳад.
Вай гуфта буд, ки Русия барои давлатҳои ҳамсоя маблағ ва захираҳои зиёд сарф мекунад ва Белорус, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ "аз сарватҳои Русия" истифода мекунанд.
Руководитель ЛДПР Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Жириновский хостори бозпас овардани 20 миллион русҳо аз Украина ва Осиёи Марказӣ шуд
Ӯ мегӯяд, Русия ба давлатҳои иттифоқӣ ниёз надорад, "онҳо (ҳамсояҳо - таҳрир) бояд хоҳиш мекарданд, ки як қисми Русия бошанд".
Ногуфта намонад, ки Владимир Волфович бо ташаббусҳои аҷиби худ маъруф аст.
Гоҳ ӯ барои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз Русия мубориза мебарад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки бо онҳо деҳаҳои партофташударо пур кунанд.
Ахиран роҳбари ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод карда буд, ки ҳамаи русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кӯчонида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0