Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Бозиҳои атрофи Панҷшер”: таҷаммуъи нерӯҳо ва такрори таъриху набуди раҳбари ягона

© AFP 2021 / HOSHANG HASHIMIПодразделения коммандос Афганской национальной армии
Подразделения коммандос Афганской национальной армии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Панҷшер дубора ба манзилгоҳ ё қалъаи муқовимат алайҳи “Толибон”* табдил мешавад. Нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ аз дигар вилоёт ба марзҳои ин дараи афсонавӣ ақибнишинӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik, Фахриддини Холбек. Амруллоҳ Умарӣ, яке аз афсарони нерӯҳои командои вазорати дифоъи Афғонистон дар Кундуз ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳудуди ҳазор сарбозу афсари нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезиши мардумӣ пас аз суқути ин шаҳр тариқи вулусволии Хонободу Толиқон худро ба вулусволиҳои Фархору Варсаҷи вилояти Тахор расонданд.
“Аввал тасмим ин буд, ки “Толибон” – ро дар Шерхон Бандар торумор карда, ба Тоҷикистон фирор кунем, чун фосилаи Кундузу марзи он кишвар ҳамагӣ 25 километр аст. Аммо аз Кобул фармон шуд, ки ба Фархору Варсаҷ биравем. Дар роҳ ҳар чӣ толиберо, ки буд, саркӯб карда, худро ба ин вулусволиҳо расондем”, - гуфт Амруллоҳ Умарӣ.
Аввалин нерӯҳое, ки ба Фархору Варсаҷ ақибнишинӣ карданд, нерӯҳои дифоъие буданд, ки 8 август шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахорро ба Толибон вогузор карда, таҳти ҳимояти ҳавоӣ ба ин вулусволиҳо омада, “Толибон” – ро ронданд ва мустақар шуданд. Фархору Варсаҷ вулусволиҳои ҳаммарз бо вилояти Панҷшеранд, ки 5 июл аз сӯи Толибон бидуни муқовимат ишғол шуда буданд.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Толибон* майдони ҳавоии муҳими маркази вилояти шимолии Қундузро гирифтанд - навор
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилое, ки манобеъ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузоштанд, шаби 10 ба 11 август мудофеъини шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон низ хатти “Толибон” дар қисмати ғарбии атрофи шаҳр ва вулусволии Кишм шикаст дода, ба Фархору Варсаҷ ақибнишинӣ карданд.
Ҳамчунин нерӯҳои мудофеъи шаҳри Пули Хумри, маркази вилояти Бағлон, низ 10 август ба Андароб, вулусволии дигари ҳаммарз бо Панҷшер ақиб нишастанд.
Теъдоди ин нерӯҳо, бино ба тахмини ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон, аз марзи се ҳазор нафар убур мекунад ва қисмати умдаи онҳо сарбозони хезишҳои мардумӣ мебошанд. Аммо ин нерӯҳо як теъдоди ками техникаву аслиҳаи низомӣ, аз ҷумла тонку тӯп ва дигар силоҳи сақиларо тавонистаанд бо худ баранд ва қисмати умдаро ба Толибон вогузор кардаанд.

Такрори таърих

Ақибнишинии нерӯҳо ба марзҳои Панҷшерро метавон аз нақшаи роҳбурдии мудирияти низомии ҷанг дар Афғонистон арзёбӣ кард, зеро ин сарбозу афсарон ва ҷангиёни бештар аз як моҳ дар набардҳо бо Толибон хасташударо аз лиҳози ҷуғрофӣ дар мавқеияти бартару амн, онҳоро ба як мушти воҳид ва таҳти як фармондеҳӣ қарор медиҳад ва фурсати истироҳату омодагӣ ба амалиётҳои ояндаро фароҳам месозад.
Вооруженные люди в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Толибон* марказҳои музофотҳои шимолиро ишғол карданд: ҷавоби Кобулу Вашингтон чӣ гуна аст
То ин дам “Толибон” 9 вилояти Афғонистон – Нимрӯз, Фароҳ, Ҷузҷон, Сарипул, Самангон, Кундуз, Тахор, Бағлон ва Бадахшонро забт карда, қисмати умдаи қаламрави 23 вилояти дигарро низ таҳти назорат доранд.
Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки ҳеҷ як аз 7 вулусволияш ба дасти Толибон наафтода, балки дар пайи таҷаммуъи нерӯҳои зиддитолиб дар марзҳои шимолияш бештар муҳофизат мешавад. Дараи Панҷшер аз ғарб бо вилояти Парвон, ки таҳти идораи ҳукумат аст, ҳаммарз аст. Нуристон, вилояти аз ҷануб ҳаммарзи дара таҳти султаи Толибон аст, аммо ҷуғрофиёи хеле саъбулубур дорад, ки барои ҳамла ба Панҷшер созгор нест. Ҳамоно хавфи асосӣ ба дара аз шимол мутаваҷҷеҳ аст, ки ҳоло бо нерӯҳои ақибнишаста аз дигар вилоёт дар ҳоли тақвият шудан аст.
Ин бори дуввум аст, ки дар таърихи ҷангҳои 40 соли ахири Афғонистон чунин рисолати таърихӣ бо бархе тафовутҳо бар дӯши Панҷшер меафтад ва онро ба як сангари асосӣ ва дижи мустаҳкам алайҳи густариши “Толибон” ва пуштибонҳои минтақаиву байнулмилалии он табдил медиҳад.
Город Кундуз в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Садҳо сарбози нерӯҳои амниятӣ дар музофоти Кундуз таслими Толибон* шудаанд
Моҳи сентябри соли 1996 дар пайи суқути Кобул ба дасти “Толибон” нерӯҳои ҳукумати Давлати исломии Афғонистон ва президенташ Бурҳонуддин Раббонӣ ба дараи Панҷшер паноҳ бурда буданд. Ҳарчанд пуштибонони “Толибон” аз тасаллути комили онҳо бар Афғонистон расман хабар доданд, дар ин дара, ки 100 километр тӯл дорад, як нерӯи муқовим ба вуҷуд омад ва нагузошт ин гуруҳ ба ҳадафи ниҳоии худ – тасаллут бар тамоми кишвар - бирасад.

Соли 2021 аст, на 1996

Аммо ин дафъа вазъ фарқ мекунад. Агар он замон ба шумули Панҷшер, вилояти Бадахшон ва қисматҳое аз вилоятҳои Тахору Парвонро нерӯҳои зиддитолиб таҳти назорати худ доштанд, ин дафъа Тахору Бадахшон (ба истиснои вулусволиҳои бо Панҷшер ҳаммарзи Фархору Варсаҷ (Тахор) ва Карону Мунҷон (Бадахшон)) комилан ва қисмати бузурги Парвон таҳти сайтараи “Толибон” қарор доранд.
Аз сӯи дигар, “Толибон” намехоҳанд иштибоҳи таърихии худ, он ҳам суқути Кобул ва гир мондан дар дарвозаҳои Панҷшерро такрор кунанд. Зоҳиран онҳо мехоҳанд аввал Панҷшерро суқут диҳанд ва сипас, ба Кобул юруш баранд. Ин нуктаро, ки “Толибон” ҳоло майли Кобул надоранд, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ ба Sputnik Афғонистон таъйид кард, вале далоилашро шарҳ надод.
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* эълон карданд, ки писари маршал Дӯстумро асир гирифтаанд
Аммо омили муҳимтарин адами фармондеҳии ягонаи нерӯҳои зиддитолиб аст, ки дар даҳаи 90 – ум бар дӯши Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири дифоъи ҳукумати Раббонӣ буд. Ҳоло сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аст, ки барои нигаҳ доштани қудрати худ ва низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон пеш аз ҳама манфиатдор аст. Аммо ӯ то ба ҳол ҳеҷ муваффақияте надошт, балки як артиши тамомайёри ҷангии ҳукуматашро барбод ва техникаву таҷҳизоти низомиашро дар ихтиёри “Толибон” қарор дод.
Шояд аз ин хотир аст, ки бархе генералҳои ҳукумати Ғанӣ, ӯро дар асл ҳамкори “Толибон” меҳисобанд. Дар шарҳи ин нукта генерал Ёсин Зиё, сардори қаблии Ситоди артиши Афғонистон, гуфт, Ғанӣ бо Толибон муомила кардааст.
“Муомила ҳам ин аст, ки ӯ то ду сол дар қудрат мебошад. Дар як соли аввал вулусволиҳоро таслим мекунад, соли дигар шаҳрҳоро. Нақшаи Ғанӣ ин аст, ки аввал, қудратро ба Толибон диҳад, то ба ҷуз паштунҳо каси дигар набошад. Дуввум, дар ин миён аз ҳар тариқе, ки мешавад, аз ин мулк пайса (пул) бикашад”, - гуфт Ёсин Зиё.

Дараи стратегӣ

Дар ҳамин ҳол, пешбиниҳои огаҳони ҳол ин аст, ки дар ҳоли суқути Кобулу Парвон, дигар неруҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумии зиддитолиб низ аз ин вилоёт ба Панҷшер паноҳ бубаранд.
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* аз забти маркази Бадахшон хабар доданд
Генерал Вадудхон, дар гузашта фармондеҳи нерӯҳои хоси командуи Аҳмадшоҳи Масъуд, ки таҷрибаи ҷанг дар ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ (1979 – 1988) ва муқовимат алайҳи “Толибон” (1996-2001) – ро дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таърих собит сохтааст, ки сарнавишти ҷангҳои 40 соли ахир дар Афғонистонро маҳз дараи стратегии Панҷшер рақам задааст.
“Панҷшер – калиди Афғонистон аст. Ҳар кӣ ин дараро бигирад, бар Афғонистон сайтара пайдо мекунад. Толиб ба ин ҳақиқат пай бурдааст, аз ин хотир, ҳалқаро гирди он танг мекунад. Дойираҳое қавӣ дар ҳукумати марказӣ бо нерӯҳои муқовимат дар Панҷшер ҳамкорӣ намекунанд, зоҳиран, бисёр мехоҳанд, ки ниҳоят ин дараро ба зону нишонанд. Аммо дойираҳое низ ҳастанд, ки таҷаммуъи нерӯҳо ба ин дараро мудирият доранд, то як нерӯи бузурги муқовимат алайҳи “Толибон” ва барои наҷоти Афғонистон сару сомон пайдо кунад”, - гуфт Генерал Вадудхон.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, раҳбарони муқовимат дар Панҷшер низ аз қабл барои як ҷанги бузург алайҳи “Толибон” омодагӣ мегиранд. Ба гунаи мисол, дар қаламрави дара ҳоло ҳудуди 20 қароргоҳи низомӣ эҷод шудааст, дар ҳоле ки дар ҷангҳои қаблӣ бо “Толибон” ҳамагӣ 8 қароргоҳ амал мекард.
Встреча глав МИД РФ и Афганистана С. Лаврова и Х. Атмара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Вазири хориҷаи Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба Толибон* фишор биёранд
Ба ҳамин минвол, Панҷшер дигарбора ба қалъаи муқовимат алайҳи “Толибон” ва “Ал-қоида” – ву дигар созмонҳои террористии минтақаву ҷаҳон ва ҳам пуштибонҳои байнулмилалии онҳо табдил меёбад. Он чӣ ки дар ин қисса намерасад, раҳбари ягонаи муқовимат, назири марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки эҳтимол дорад дар ҷангҳои ояндаи ин дара по ба олами сиёсатҳои бузург гузорад.
Аммо ҳеҷ огоҳи вазъ номеро аз ин роҳбар намеёрад барад, ҳатто писари Масъудро, зеро муқовимати Афғонистон бо нерӯҳои ниёбатӣ, назири “Толибон” ва ҳомиёни хориҷии онҳо ба раҳбари воқеӣ ниёз дорад, оне, ки барои наҷоти Афғонистон ба майдон хоҳад омад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала