"Русия ба Урупо ҳамроҳ мешавад". Миёни ИМА ва Лаҳистон чӣ мегузарад?

© Sputnik / СтрингерЦеремония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik, Ксения Мелникова. Байден пешниҳод кард, ки Марк Бжезинский, писари сиёсатшиноси маъруфи амрикоӣ Збигнев Бжезинский сафири ИМА дар Лаҳистон таъин шавад.
Ин на танҳо барои Маскав, балки барои тамоми пойтахтҳои Урупои Шарқӣ рамзӣ хоҳад буд. Аммо, Варшава намехоҳад, ки дипломатро қабул кунад. РИА Новости муаяйн кард, ки байни Лаҳистон ва Иёлоти Муттаҳида чӣ мгузарад.

Монандӣ ба падар

Паёми кӯтоҳи маъмурияти Амрико дар Аврупои Шарқӣ сару садои зиёд ба бор овард. "Президент Ҷозеф Байден эълом дошт, ки Марк Бжезинский сафири фавқулода ва мухтор дар Ҷумҳурии Лаҳистон таъин шавад", - омадааст дар торномаи Кохи Сафед. Ҳоло Сенат бояд номзадиро тасдиқ кунад.
Дар давраи Трамп, Иёлоти Муттаҳида дар Лаҳистон Ҷорҷетт Мосбахер намояндагӣ мекард. Охири моҳи январ вай вазифаашро тарк кард.
Марк - писари Збигнев Бжезинский, мушовири амнияти миллии президент Ҷимми Картер дар солҳои 1977-1981 буд. Associated Press менависад: "Вай забони лаҳистониро хуб медонист, ӯро дар Лаҳистон мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд".
Город Калининград, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Ба Лаҳистон Калининград даркор аст: муноқиша аллакай оғоз шудааст
Бжезинскийро ҳаммуаллифи пирӯзии Амрико дар ҷанги сард медонанд. Вай розӣ буд, ки амрикоиҳо фаъолона аз муҷоҳидони Афғонистон, ки бо режими шӯравӣ меҷангиданд, пуштибонӣ кунанд. Дар охири солҳои 70 -ум, Иёлоти Муттаҳида тавонист Иттиҳоди Шӯравиро ба Ховари Миёна ҷалб кунад. Баъдтар Збигнев барои нигоҳдории Русия ба тавсеаи НАТО пардохт.
Ақидаи сиёсатшиноси маъруфро на ҳама намояндагони ҷомеаи академӣ ва дипломатӣ ҷонибдорӣ мекарданд.
"Украина бояд исбот кунад, ки мехоҳад бахше аз ҷаҳони Урупо шавад. Агар муваффақ шуд, ягона роҳи Русия ин аст, ки воқеиятро қабул кунад ва қисме аз Урупо шавад", - пешгӯӣ кард ӯ.
Ба назар чунин мерасид, ки Бжезинский ба Украина аҳамияти бузург медиҳад. "Бе вай, Русия империя намешавад", - ӯ боварӣ дошт: "Бо Украина ба таври худкор ба империя мубаддал мешавад".
Писари "Збига" ҳамчунин Урупои Шарқӣ ва Авруосиёро ҳамчун соҳаи фаъолият интихоб кардааст. Бжезинскии хурд таҷрибаи дипломатӣ дорад: дар аҳди Клинтон ӯ директор оид ба Русия ва Авруосиё буд, сипас мудири муносибот бо нимҷазираи Балкан дар Шӯрои Амнияти Миллии Кохи Сафед буд.
Дар давраи Барак Обама ӯ ба ҳайси мушовири сиёсати хориҷӣ ва аз соли 2011 то 2015 сафир дар Шветсия кор кардааст.
Замминитра иностранных дел принял верительную грамоту посла Польши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Лаҳистон сафири навашро ба Тоҷикистон фиристод: Ӯ кист?
Марк Бжезинскии 56 -сола, аз рӯи маълумот ҳуқуқшинос аст ва дар Коллеҷи Дартмут ва Донишгоҳи Вирҷиния таҳсил кардааст. Каме дертар дар Оксфорд сиёсатшиносиро омӯхт, забонҳои лаҳистонӣ ва фаронсавиро медонад.
Бжезинский бо Варшава робитаи хос дорад. Вай дар он ҷо дар доираи барномаи стипендияи Фулбрайт таҳсил кардааст, китоби "Мубориза барои конститутсионализм дар Лаҳистон" -ро навиштааст.
Вай бо ордени Шараф дар Ҷумҳурии Лаҳистон мукофотонида шудааст - ин ҷоизаи олиро президенти кишвар барои дастовардҳои барҷаста дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди муносибатҳои байни халқҳо додааст.

На ҳамааш ба некист

Ҳарчанд робитаҳои наздик бо Лаҳистон дар ин вазъият метавонад зиён расонад. Бино ба гузориши портали хабарии Лаҳистонии Onet, бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати кишвар, Варшава ҳоло аз тасдиқи Бжезинский худдорӣ мекунад.
Сабаб - шаҳрвандии Лаҳистон аст. Гап сари ин аст, ки падари Марк - Збигнев Бжезинский - соли 1928 дар Варшава таваллуд шудааст ва фарзандони ӯ, тибқи қонунҳои Лаҳистон, низ ба таври худкор шаҳрвандони ин кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин, онҳо ягон ҳуҷҷатҳои расмӣ надоранд. Дар моддаи 8 Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1961 омадааст: аъзои намояндагии дипломатӣ бояд шаҳрвандони давлате бошанд, ки намояндагӣ мекунанд. Аммо, давлате, ки онҳо таъин шудаанд, ҳуқуқ дорад розӣ шавад, ки дипломатро қабул кунад, агар ӯ ҳам шаҳрванди ин кишвар бошад.
Вале, Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон таҷрибаи гуногуни дарозмуддат дорад. "Шаҳрванди Лаҳистон набояд миссияи дипломатиро дар Лаҳистон иҷро кунад, зеро метавонад дахлнопазирии андозӣ ё ҳуқуқӣ талаб кунад.
Протестующие на митинге в Варшаве против решения Конституционного суда Польши об ограничении закона об абортах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2020
"Саҳнаи Белорус" барои Лаҳистон: асари бумеранг
Қоида чунин аст: "Мумкин нест, ки дар кишвари худ сафир бошед", - тавзеҳ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
Барои роҳбарии намояндагии дипломатӣ шудан, Марк бояд ба президент Анджей Дуд муроҷиат кунад, то ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум намояд. Чунин талабот ҳам сиёсатмадор ва ҳам дастгоҳи Байденро ҳайратзада кард. Ӯ мегӯяд худро лаҳистонӣ намеҳисобад ва умуман шаҳрванди ин кишвар нест.
"Аммо Варшава ақидаи дигар дорад. Дархост кардани чизеро, аз Дуд, Бзезинский рад мекунад. Ҳукумати амрикоӣ ин тартиботро таҳқиромез меҳисобад, зеро ҷониби Лаҳистон мехоҳад, ки Иёлоти Муттаҳида хоҳишҳои онҳоро итоаткорона иҷро кунад", менависад рӯзномаи Wyborcza.
Одатан, кишварҳо дархости дипломати навро давоми як моҳ баррасӣ мекунанд, аммо давлатҳои дӯст дар давоми ду ҳафта онро ҳал мекунанд. Ҳолатҳое буданд, ки ба сафирони ИМА дар Варшава дар давоми ду ё се рӯз ҳуҷҷат дода мешуд.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Урупо айбдори мушкилоташро ёфт
Ихтилоф бо номзад ва ба таъхир андохтани расмиёт одатан нишонаи бад шудани муносибатҳо ба ҳисоб меравад. Мумкин аст, ки ин масъала аслан ба шаҳрвандии Бжезинский рабт надорад, балки дар иртиботи мақомоти Лаҳистон бо маъмурияти нави Вашингтон аст.
"Ин мавзӯъ чизе ҷуз баҳонае барои фишор ба амрикоиҳо нест. Ҳама манбаъҳои мо қайд мекунанд, ки паҳншавии ин гуна маълумот дар васоити ахбори омма метавонад ҳам барои муваффақияти як кори дипломатии эҳтимолии сафир Бжезинский ва ҳам барои Лаҳистону-Амрико дар маҷмӯъ, оқибатҳои фалокатбор дошта бошад2, - қайд мекунад Wyborcza.
Гарчанде ки Варшава ва Вашингтон иттифоқчӣ ҳастанд, аммо онҳо нисбат ба якдигар шикоятҳои зиёд доранд. Масалан, Анджей Дуда Ҷозеф Байденро ба муносибати президенти ИМА интихоб шуданаш на 7 ноябр ба мисли Олмон, Бритониё ва Фаронса, балки дар охири моҳи декабр - вақте ки натиҷаҳои расмии овоздиҳии интихоботӣ пайдо шуд, табрик гуфт.
Ба наздикӣ Варшава Вашингтонро барои додани иҷоза ба анҷоми "Маҷрои шимолӣ 2" интиқод кард. Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла маъмурияти нав, Лаҳистонро ба нақзи озодиҳои демократии шаҳрвандонаш айбдор мекунад.
Ҳамин тариқ, як гурӯҳи сенаторҳои амрикоӣ қайд карданд, ки дар Лаҳистон "регрессияи доимии демократия" мушоҳида мешавад. Дар моҳи июл сухангӯи Департаменти давлатӣ Нед Прайс ба Варшава хотиррасон кард, ки матбуот бояд озод ва мустақил бошад.

"Дар Русия нақши ӯ бузургнамоӣ мешавад"

Бисёриҳо ҳарос доранд, ки Марк Бжезинский мисли падараш сиёсати русофобиро пеш хоҳад гирифт. Моҳи июли соли 2020, бародараш Янг гуфт, ки Вашингтон дар таъсир ба Маскав чандон сахтгир набуд.
"Дар тӯли 15 соли охир, вокуниши Ғарб, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида ба фаъолияти Русия чораҳои маҳдуди фишор ба мисли таҳримҳои иқтисодӣ ва фиристодани кормандони низомӣ ба Урупо ва дар канор мондани дипломатияи кӯтоҳмуддатро дар бар гирифт".
Ба андешаи ӯ, чунин бархӯрд сиёсати хориҷии Кремлро тағйир надод ва "ҳатто ба президенти Русия далерӣ бахшид".
Эҳтимоли таъйиноти Бжезинскийро ба ҳайси сафири Амрико дар Лаҳистон набояд аз нуқтаи назари муносибатҳои Варшава ва Маскав баррасӣ кард. Он набояд ба онҳо таъсир расонад, мегӯяд Дмитрий Офитсеров-Белский, пажӯҳишгари Фарҳангистони Русия.
Лавров предрек ухудшение отношений России и Европы: видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Пешбинии Лавров аз сард шудани муносиботи Русия ва Урупо - видео
"Дар ин ҷо ягон сигнал барои Русия вуҷуд надорад. Амрикоиҳо, ба эҳтимоли зиёд, ҳатто дарк намекунанд, ки чеҳраи Збигнев Бжезинский дар Маскав то чӣ андоза бузурнамо аст. Бо таъини Бжезински Иёлоти Муттаҳида мехост мавқеи худро ба лаҳистониҳо нишон диҳад", - шарҳ дод коршинос.
Ӯ қайд мекунад, ки шахсияти сафир, албатта, назаррас аст, аммо ӯ дар сиёсати байналмилалӣ нақши калидӣ надорад.
"Дар ҷаҳони муосир, шабакаҳои бештари ҳамкорӣ нисбат ба пештара вуҷуд доранд; сафоратхонаҳо бо масъалаҳо маҳдуд намешаванд. Ман фикр намекунам, ки роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар Лаҳистон ягон вазифаи муҳимро иҷро кунад. На он қадар масъалаҳои зиёд аз ӯ вобаста аст", - гуфт Белский.
Ба ақидаи коршинос, муносибатҳои Варшава ва Вашингтон, сарфи назар аз ҳамаи чиз, дар сатҳи аъло аст. Байни кишварҳо ҳамкории стратегӣ вуҷуд дорад. Пас аз он, ки Бритониё аз ИА хориҷ шуд, Лаҳистон ба таври худкор ба иттифоқчии вафодори ИМА дар Иттиҳоди Урупо, табдил ёфт.
Лентаи хабарҳо
0