Ҷазои Дусматов, барои рехтани ахлоти хукҳо ба Сирдарё: 1,6 сол ҳукм гирифт

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, нисбат ба Насим Дусматов, ки дар ҳудуди деҳаи Деҳмой ба парвариши хук машғул буда, чанд дафъа аз ҳисоби рехтани ахлоти хукҳо Сирдарёро олуда кардааст ҳукм содир кард
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Баррасии парвандаи Дусматов дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дирӯз 11 август баргузор шудааст.
Фарҳод Каримзода, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов ва яке аз иштирокчиёни ин мурофияи судӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, судя бар асоси моддаи 226 қисми 1 (ифлос кардани об) - и асноди ҷиноӣ Насим Дусматовро гунаҳкор дониста/
Бо дастрасии ин модда, додгоҳ нисбат ба Дусматов 1 солу 6 моҳ иҷрои ҷазои корҳои ислоҳӣ ҳукм содир намудааст.
“Дар мурофияи судӣ, сокинони зиёд ҷамъ омада нигаронии худро дар бораи паҳн шавии бӯи ғализ аз ҳисоби мавҷуд будани фермаи хукпарварӣ дар Деҳмой изҳор намуданд”, - гуфт Каримзода.
Насим Дусматов, соҳиби фермаи хукпарварии деҳаи Деҳмой гуфта мешуд.
Мақомоти прокуратура дар ҳоле нисбати ин сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноӣ боз намуд, ки Дусматов аз ҳисоби фермаи хукпарвариаш манбаъҳои экологӣ аз ҷумла оби Сирдарёро олуда кардааст.
Фурқат Хоҷазода прокурори вилояти Суғд, рӯзи 16 июл зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи ин парванда ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидаву дониста ахлот ва пешоби беш аз 300 сар хукро ба Сирдарё андохта, обро ифлос намудааст, ки боиси гирифтории одамон ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад.
Свинья в стойле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Аз парвандаи олудасози Сирдарё то шикояти сокинон: Дусматов гуфт, хукҳояшро кӣ мегирад
“Дусматов Н., ки баъди 3 маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан, боз такроран ахлот ва пешоби зиёда аз 300 сар хукҳои дар фермаи деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов нигоҳубиншавандаро ба оби дарёи Сир равон кардааст”, - гуфта буд прокурор.
Сардори идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, Дусматов ба ҷуз иҷрои ҷазо ҳамчунин вазифадор шуд, ки сар аз имрӯз то як моҳ ҳамаи хукҳояшро аз деҳаи Деҳмой мебардорад.
Лентаи хабарҳо
0