Маъмурияташ ба поён расид: сафири Бритониё бо вазири хориҷа хайрухуш кард

© МИД РТГлава МИД РТ провел встречу с уходящим послом Великобритании в Таджикистане
Глава МИД РТ провел встречу с уходящим послом Великобритании в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Сафири бритониёд дар Тоҷикистон, ки маъмурияташ ба поён расид бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дидору хайру хуш кард. Ӯ нимаи соли 2019 ба вазифаи сафири Лондон дар Тоҷикистон таъин шуда буд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо cафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Мэтю Лоусонро дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дидори мазкур бинобар ба итмом расидани ваколати дипломатии Мэтю Лоусон дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Тавре манбаъ хабар додааст тарафҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ибрози андеша намуда, ҳавасмандии хешро барои таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд.
Онлайн-встреча с Парламентским заместителем государственного секретаря Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистону Бритониё якҷо бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд
“Дар фарҷоми вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ ба Мэтю Лоусон барои саҳмаш дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард”, - таъкид доштааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки Мэтю Лоусон нимаи соли 2019 ба вазифаи сафири Лондон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Британия 15 январи соли 1992 барқарор шуданд.
20 декабри соли 2001 Сафорати Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе кушода шуд.
11 феврали соли 2008 дар Лондон Сафорати Тоҷикистон кушода шуд.
Лентаи хабарҳо
0