Мотам дар журналистикаи Мастчоҳ: сардабири “Суханвар” аз беморӣ даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Абдулқдири Абдуллохон, раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Суханвар” бар асари бемории “вируси корона” дар синни 69 солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Ҷӯра Юсуфӣ рӯзноманигор ва яке аз рафиқони марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуллохон чанд рӯз ба ин тараф дар Бемористони Хуҷанд бо “вируси корона” дар мубориза қарор дошт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
“Ҳамин чанд дақиқа пеш ба ман хабар доданд, ки Абдуқодири Абдуллохон, бандагӣ кардаанд”, - гуфт Юсуфӣ.
Абдулқодири Абдуллохон (Абдуллоев) соли 1952 дар деҳаи Роғи ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар риштаи рӯзноманигорӣ хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар рӯзномаи “Машъал” и ноҳия Мастчоҳ шурӯъ намудааст.
Абдуллохон як муддат дар вазифаҳои давлатӣ аз ҷумла директори мактаб ва сармутахасиси шуъбаи агентии давлатии шуғли аҳолӣ, нафақа ва муҳоҷират дар Мастчоҳ кор карда, сипас ба нафақа рафтааст. Панҷ соли пеш, раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ таъйин шудааст.
Посол Зубайдзода Зубайдулло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Мотам дар оилаи Зубайдзодаҳо: таъзияи дуюми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 5 рӯзи охир
Абдуллохон соли 2019 дар якҷоягӣ бо идораи маорифи ноҳия ҳафтаномаи адаби таҳлилии “Суханвар” дар ноҳияи Мастчоҳ таъсис додааст. Марҳум ба ҷузъ рӯзноманигорӣ дар ҷодаи шеъру шоирӣ ҳам рағбати зиёд дошт ва то ин замон маҷмӯаи шеърҳояш ба монанди “Ашки фаришта”, “Соате андеша” ва “Оҳангҳои қудсӣ” чоп шудаанд.
Дар бораи даргузашти Абдуллохон баъзе аз ҳамкорону шогирдонаш дар шабакаи Интернет низ хабар дода, марги бемаҳали ин шахсиятро барои журналистикаи Тоҷикистон талафоти бузург арзёбӣ кардаанд.
Қарор аст, асри имрӯз ҷанозаи Абдулқодири Абдуллохон дар қабристони деҳаи Роғи ноҳияи Мастчоҳ ба хок супурда шавад.
Лентаи хабарҳо
0