Рейтинги ФИФА. Тоҷикистон 5 “қадам” пеш рафт

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) мавқеашро 5 зина беҳтар кардааст.
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Бар пояи ин радабандӣ, ки дар сомонаи ташкилот нашр шуд, Тоҷикистон миёни 210 кишвари ҷаҳон дар мақоми 116 нишастааст. Дар раддабандии гузашта мунтахаби кишвар дар ҷойи 121 буд.
Тибқи нишондоди ФИФА яккачини Тоҷикистон бо 1158 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст.
Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1822 имтиёз пешсаф аст.
Зинаи дуюмро Бразилия ( 1798) ва сеюмро Фаронса (1762) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Италия, Аргентина, Испания, Португалия, Мексика ва ИМА ворид шуданд.
Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1529 имтиёз дар зинаи 20-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1515,85) ва дар ҷойи 24-ум аст.
Бозии мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамсолони ӯзбекашонро бо ҳисоби калон шикаст доданд
Дастаи мунтахаби Русия бошад бо 1462,65 имтиёз дар зинаи 41 нишастааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ болотар аз ҳама Ӯзбекистон буда дар ҷойи 83-ум ва пас аз он Қирғизистон дар зинаи 102 ҷой гирифтаанд. Қазоқистон бошад, поинтар аз Тоҷикистон дар ҷойи 124 ва Туркманистон дар маҷоми 130 нишастааст.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала