Бо як зарба нобуд мекунанд: чӣ гуна Русия ва Чин ба ҳуҷуми душман омодагӣ мегиранд - видео

Хизматчиёни ҳарбӣ паноҳгоҳҳои душманишартиро пайдо карда, ҳангоми амалиёти ҳавоӣ-заминӣ ӯро нест карданд
Русия ва Чин ба марҳилаи аввали машқҳои "Ғарб / Ҳамкорӣ 2021" шурӯъ карданд. Навор аз тамрини низомиён аз ҷониби Вазорати дифои Федератсияи Русия нашр шудааст.
Машқҳо дар пойгоҳи омӯзишии Артиши озодихоҳии мардумии Чин дар Вилояти Мухтори Нинся -Хуй дар шимолу ғарби кишвар оғоз шуданд.
Низомиён барои пайдо кардани паноҳгоҳҳои душмани шартӣ корҳои иктишофӣ анҷом дода, сипас онҳоро дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар замин нобуд карданд.
Размоиши стратегиии Русия ва Чин - паём ба Толибон* ва ИМА
Дар навор нишон дода шудааст, ки чӣ тавр низомиёни Русия ва Чин рафти машқро баррасӣ мекунанд. Дар видео инчунин усулҳои гуногуни амал нишон дода шудаанд.
Дар машқҳо воҳидҳои низомии заминию ҳавоӣ ва зидди ҳавоӣ, инчунин афсарони мақомоти фармондеҳӣ ва назоратӣ иштирок мекунанд.
Марҳилаи аввали машқ ду рӯз идома хоҳад кард. Ҳадафи он муътадилгардонии фаъолияти фармондеҳии қӯшунҳои марбут ба иктишоф, қабули қарор, банақшагирӣ, назорат ва арзёбӣ мебошад.
Тамринҳои муштараки Русия ва Чин то фардо 13 август идома хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала