Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

ВУХ: низомиёни Русия марзи Тоҷикистонро шабонарӯзӣ назорат мекунанд

© Пресс-служба ЦВОСовместные военные учения в Таджикистане
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Низомиёни Русия дар Тоҷикистон дар ҳолати омодабош қарор доранд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки низомиёни Русия пайваста марзи Тоҷикистону Афғонистонро назорат мекунанд.
Вай афзуд, ки назорат бо истифода аз таҷҳизоти иктишофии ҳавоӣ ва электронӣ, ки дар ихтиёри артиши Русия ҳаст, сурат мегирад.

"Барои кумак ба Душанбе, дар вақти лозима, мо омодаем аз пойгоҳи низомии 201 истифода барем. Мо тавонмандии ҷангӣ ва фаннии пойгоҳро пайваста тақвият мебахшем", - таъкид кард намояндаи ВУХ Русия дар суҳбат бо "Интерфакс".

Ҳамчунин, дар ҳолати фавқулода, мумкин аст қуввазои ҳавоӣ аз фурудгоҳи Кант, ки дар Қирғизистон мустақар аст, ҷалб карда шавад.
Командующий Яр Мохаммад Дустум, сын маршала Абдула Рашида Дустума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Дурӯғи Толибон*: писари маршал Дӯстум ба асорат наафтодааст
Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз халабонони пойгоҳи 201 - и Русия аз Кант, дар машқҳои сеҷониба дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон, 20 километр дуртар аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ширкат карданд.
Русия ба Тоҷикистон барои бунёди посгоҳ дар марз бо Афғонистон 1 миллион доллар медиҳад
Дар ин машқҳо, низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вокуниш ба таҳдидҳои беруна, бахусус, воридшавии гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён аз Афғонистонро машқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала