Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Шаҳри Ғазнӣ ҳам ба дасти Толибон* гузашт - видео

Ин шаҳр 150 километр дуртар аз пойтахти Афғонистон - шаҳри Кобул воқеъ аст ва аҳамияти калони стратегӣ дорад
Пас аз суқути шаҳри Файзобод пойтахти вилояти Бадахшон, шаҳри Ғазнӣ низ ба дасти Толибон* гузашт.
Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, ки корвони худравҳои мақомдорон шаҳрро тарк мекунанду ҷониби пойтахт ҳаракат доранд.
“Бозиҳои атрофи Панҷшер”: таҷаммуъи нерӯҳо ва такрори таъриху набуди раҳбари ягона
Бархе аз корбарон аз чунин рафтори ҳукуматдоорон интиқод кардаву мегӯянд, ба ҷои пеши роҳи терроризмро гирифтан, бидуни муқовимат ба Толибон* таслим шуданд.
Акнун аз 19 вулусволие, ки дар вилояти Ғазнӣ мавҷуд аст, танҳо дутояш - Ҷоғурӣ ва Новул зери идораи ҳукумат аст.
Дурӯғи Толибон*: писари маршал Дӯстум ба асорат наафтодааст
Ин даҳумин маркази вилоят аст, ки дар шаш рӯзи гузашта ба дасти Толибон* гузашт.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала