Саҳми зиёд доштед: сипоси Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ аз Имомуддин Сатторов

© Исполнительный комитет СНГПредседатель Исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев встретился 11 августа с.г. с Чрезвычайным и Полномочным Послом Республики Таджикистан
Председатель Исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев встретился 11 августа с.г. с Чрезвычайным и Полномочным Послом Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, ки рисолати дипломатияш дар Русия ба охир расид дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бинобар ба охир расидани рисолати дипломатияш мулоқот кард,
Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст зимни суҳбат ҷанбаҳои гуногуни иштироки Душанбе дар ҳамкории ҳамгироӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроия саҳми Тоҷикистонро дар рушди Иттиҳод дар муддати раёсати ҷумҳурӣ дар ИДМ дар соли 2018 баҳои баланд дода, ба Имомуддин Сатторов барои иштироки фаъолонаи шахсии ӯ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории башардӯстона дар доираи Иттиҳод изҳори сипос намуд.
Нақши назарраси Имомуддин Сатторов ҳамчун Намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ дар таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои узви ИДМ низ тазаккур дода шуд.
Имомуддин Сатторов и Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Аз баррасии сафари Путин ба Душанбе то сипоси Лавров ба Сатторов: мулоқоти сафир бо вазир
Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Имомуддин Сатторов дар вазифаи нав муваффақият таманно кард.
Имомуддин Сатторов аз 15 майи соли 2014 сафири Тоҷикистон дар Русия буд. Ӯ ҳамзамон ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ фаъолият мекард.
Бо Фармони раисыумщури Тоҷикистон аз 2 августи соли 2021 Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Русия ва ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала